Кӯлоб. Беш аз 5 тонна маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд

№111 (4061) 14.09.2019

davКормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи якуми соли 2019 ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва назорати ҳолати санитарию гигиении иншооти дар минтақа фаъолияткунанда як зумра корҳоро ба сомон расониданд.

Тавре Даврон Ахмедов сардори «МНДСЭ»-и минтақа зимни суҳбат иттилоъ дод, феълан 4922 иншоот зери назорати марказ қарор дорад. Дар шашмоҳи аввали соли 2019 ҳолати 1589 иншооту муассиса таҳти санҷиш қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки дар рафти санҷиш камбудиҳо ошкор гардида, нисбати 590 нафар шахсони ­масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва ба маблағи 54 ҳазору 135 сомонӣ ҷарима гардиданд. Ҳамчунин, фаъолияти 73 иншоот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта манъ гардид.

Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки кормандони марказ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012 таҳти №890 «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ, бозор ва нуқтаҳои савдои дар минтақа фаъолияткунанда ҷамъ, 5 тоннаю 130 килограмм маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро муайян карда, аз муомилот гирифтанд. Агар маҳсулот сари вақт дар марказҳои савдою хизматрасонӣ ошкор намегардид, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани теъдоди зиёди одамон аз эҳтимол дур набуд.

Ҳамчунин, дар шаш моҳ  2 ҳодисаи заҳролудшавӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ аз хӯришҳои сабзавотӣ, ки дар шароити хона омода шудааст, ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилоъи манбаъ, заҳролудшудагон зери назорати  пизишкон қарор гирифта, дар кӯтоҳтарин муҳлат шифо ёфтанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»