Пешниҳод

Манфиат ва моҳияти ба хориҷа фиристодани табибони тоҷик. Онро чӣ гуна бояд ба роҳ монд?

№111 (4061) 14.09.2019

 7CFF101D-5083-4B81-87AE-25E77CC0B46E_cx9_cy3_cw77_w408_r1_sНиёкон аз қадим ба илми тиб таваҷҷуҳ дошта, омӯхтани онро яке аз муҳимоти зиндагӣ меҳисобиданд.

То ҳол «Алқонун»- у «Урҷуза фиттибб»- и Абӯалӣ ибни Сино, «Махзанул адвия», «Ихвонус сафо», «Тибби Юсуфӣ», «Қарободини Кабир» ва дигар китобҳо мавриди истифодаи кормандони соҳаи тандурустӣ қарор доранд.

Аз рӯи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон зиёда аз 65 ҳазор довталаб кластери ихтисосҳои тиббиро интихоб намуданд. Аз миёни онҳо 20 000 нафар хоҳиши таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро  карда буданд, ки ба як ҷойи таҳсил 13 хоҳишманд рост меомад.

Ба гуфти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, дар тӯли 80 сол донишгоҳи мазкурро 43000 нафар хатм кардаанд, ки як қисми онҳо берун аз кишвар низ фаъолият доранд. Алҳол дар муассиса зиёда аз 10000 нафар таҳсил мекунанд. Аз миёни онҳо 1420 нафар донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд, ки аз 16 кишвар ба ҷумҳурӣ омадаанд.

Ғайр аз ин, дар Донишгоҳи тиббии Хатлон ва дигар макотиби олии мамлакат  факултетҳои тиббӣ  мавҷуданд. Баъзеҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки аксар довталабон кластери тиббиро интихоб мекунанд.  Ба андешаи ман, ин ҷойи  нигаронӣ надорад. Агар ин раванд дуруст идора шавад, ба нафъи ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Чанд сол пеш, замони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ будани Нусратулло Салимзода пешниҳод карда будем, ки бигзор вазорат бо дигар  кишварҳо шартнома баста, кормандони соҳаи тибро ба  кор фиристад. Дар он сурат фоизи муайяни маоши корманд ба суратҳисоби вазорат дохил мегардад. Аз ин ҳам ба вазорат фоидаи  иқтисодӣ мерасаду ҳам ба корманд. Ҳоло тавассути ширкатҳои дигар кишварҳо садҳо табиби тоҷик дар Яману Афғонистон фаъолият карда истодаанд. Аз он ки пул ба  кисаи миёнаравҳои дигар кишварҳо меравад, беҳтар нест, ки ба суратҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ворид шавад?

Солҳои 1980 — 1990- уми асри гузашта табибони Ҳиндустон барои кор ба ИМА мерафтанд. Зиёда аз 30 фисади табибони хориҷии Амрикоро ҳиндустониҳо ташкил медоданд. Ин табибон бо малака ва сармояи кофӣ ба Ҳиндустон баргашта,  шифохонаҳои хусусӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуданд. Акнун аз бисёр кишварҳо  корафтодагон барои муолиҷа ба Ҳиндустон мераванд. Зеро сифати хизматрасонӣ баланд асту нархи муолиҷа арзон. Аз кишвари мо низ ҳар сол садҳо нафар ба хотири ҷарроҳии арзон ба Ҳиндустон мераванд.

Пас, чаро аз таҷрибаи ҳиндустониҳо баҳра набарем? Агар талабот ба факултетҳои тиббӣ зиёд аст, бигзор дар маркази вилоятҳо  донишкадаҳои нави тиббӣ таъсис диҳем. Аз ин зарар намебинем, зеро хоҳишмандони таҳсил дар макотиби олии тиббии кишвар аз хориҷа низ зиёданд. Аздусар ҳаққи шартномаро  мепардозанд. Боз чанд ҷои нави корӣ фароҳам меояд. Хоҳ – нохоҳ дар Федератсияи Россия, Яман, Афғонистон, Сомали, Қазоқистон ва кишварҳои арабӣ талабот ба духтурон зиёд аст. Ҳамватанон дар хориҷа ҳам маоши баланд мегиранду ҳам маҳораташонро такмил медиҳанд. Баъди 10- 15 сол духтурони алҳол дар хориҷи мамлакат  фаъолияткунанда имкон пайдо мекунанд, ки дар  ҷумҳурӣ шифохонаҳои замонавии хусусӣ бунёд кунанд. Он гоҳ беморон аз  мамлакатҳои дигар ба кишвар барои табобат меоянду туризми муолиҷавӣ рушд мекунад.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»