Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?»

№112 (4062) 19.09.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар иртибот ба мақолаи «Хатлон. Нақшаи андоз чаро иҷро намешавад?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№71 аз 20 июни соли 2019) нашр гардидааст, маълум менамояд, ки он дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия аз 22 июли соли 2019 бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса ва идораҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷиҳати иҷрои камбудиҳои дар мақола зикргардида масъулин вазифадор карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои ду намуди андоз — андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз системаи содакарда гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот санҷиш доир намуданд.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда пурра фаъолият накардани ҶСК «Саройкамар»-и ноҳия мебошад. Корхона солҳои пеш аз хоҷагиҳои деҳқонӣ 5 — 6 ҳазор тонна пахта қабул менамуд ва аз ҳисоби «тиллои сафед»-и коркардшуда 1 миллиону 146 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷети ноҳия маблағ ворид мекард.

Мутаассифона, соли 2018 корхона барои коркард 900 тонна пахта қабул ва ба буҷети маҳаллӣ 214 ҳазору 800 сомонӣ ворид намуд, ки нисбат ба соли пешин 931 ҳазору 800 сомонӣ кам мебошад.

Андоз аз системаи содакардашуда бошад, соли 2018-ум 5 миллиону 5 ҳазору 159 сомонӣ нақшабандӣ шуд, вале ба андозаи 4 миллиону 551 ҳазору 527 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 91 фоизи нақша баробар аст, яъне нисбат ба 7 моҳи соли қаблӣ 271 ҳазору 745 сомонӣ кам мебошад.

Иҷро нагардидани ин намуди андозро асосан напардохтани андозҳои ҷорӣ ва бақияпулӣ аз тарафи корхонаву ташкилот боис гардидааст. Аз ҷумла, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагию манзилии коммуналӣ» 191 ҳазору 798 сомонӣ, дигар корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 261 ҳазору 833 сомонӣ нақшаро иҷро накарданд.

Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар оянда бо мақсади иҷрои саривақтии андозҳои дар боло зикршуда тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

З. ШОҲИЁН, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ