Себ яке аз маъмултарин меваҳо буда, аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур меистад. Боғҳои ин меваи шаҳдбор дар майдони зиёда аз 5 миллон гектар доман паҳн кардааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 64 миллон тонна себ ҷамъоварӣ мегардад, ки 21 фоизи ҷамъи меваи дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
ФАО (Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқаворӣ) себро ба рӯйхатӣ зироатҳои асосии таъминкунандаи бехатарии озуқаворӣ ворид кардааст. Содироткунандагони асосии он давлатҳои Чин, Полша, Италия, ИМА, Чили, Фаронса, Африқои ҷанубӣ ва ғайра мебошанд.
Пайдоиши себи ёбоӣ таърихи 70 — миллионсола дорад, ки дар натиҷаи эволютсия дар нимкурраи шимолӣ 35 намуд ва 60 зернамуди он паҳн гаштааст. Як қисми онҳо сарнасли навъҳои дастпарвар мебошанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 намуди он — «Сиверс», «Недзведский» то ба ҳол мерӯяд. Гузаштагон зиёда аз 80 навъи себро, ба монандӣ «Шоҳисеб», «Шоҳҳусайнӣ», «Гулсеб», «Пахтасеб», «Понғозӣ», «Рахш», «Қосимӣ», «Чаҳсеб», «Шулмун» парваридаанд, ки қисми зиёди онҳо имрӯз дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ парвариш карда мешаванд.
Парвариши себ таърихи 3-4 ҳазорсола дорад. Ин муддат, дар натиҷаи интихоби табиӣ, сунъӣ ва корҳои селексионӣ дар дунё зиёда аз 15 ҳазор навъи он кашф шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо дар истеҳсолот татбиқ шудани навъҳои нав истеҳсоли себ дар ҷаҳон, аз соли 1966 чор маротиба афзудааст.
Меваи себро дар шакли тару тоза ва маҳсулоти коркарди саноат (мураббо, афшураҳо, нӯшокиҳои беалкоголӣ, яхнисеб, хушкмева ва ғайра) истифода мебаранд.
Таркиби кимиёии он дорои 81,0 -88,3 % — об, 11,7 -19,0 % — моддаҳои хушк, 4,92 — 16,0 % — қандҳо (асосан глюкоза), 0,20 — 4,2 % — туршиҳои органикӣ, 0,07 — 0,26 % моддаҳои даббоғӣ, витаминҳои А, В1, В2, С, РР, маҷмӯи моддаҳои фаъоли биологӣ, минералӣ ва ғайра мебошад.
Лаззату накҳати гуворои себ, инчунин сифати ғизоию доругии он аз шароити минтақаи парвариш вобастагӣ дорад.Моддаҳои фаъоли биологии гурӯҳи Р (катехинҳо, антосианҳо, лейкоантосианҳо) ба бунияи инсон фараҳ бахшида, ба рафъи унсурҳои радиатсионӣ ва консерогенӣ, ки боиси касалиҳои саратон мегардад, мусоидат мекунад. Мавҷудияти оҳан ва витамин хусусияти давоии ин меваро афзун мекунад.
Шароити хоку иқлими кишвар барои парвариши себ хеле мусоид аст. Он рустании кӯҳистон аст. Тавре арбоби илми генетика ва селексия Н. И. Вавилов баҳо додааст: «Кӯҳҳо ин лабораторияи махсус дар офариниши шаклҳои гуногуни рустаниҳо мебошанд». Дар ҳақиқат, кишвари мо, ки қисми зиёдашро кӯҳистон ташкил медиҳад, макони навъҳои гуногуни рустанӣ ва дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, зардолу, чормағз аст.
Рушди боғдорӣ нишон медиҳад, ки вобаста ба пешрафти техника ва технология, навъҳои себ иваз мешаванд, зеро талабот ба навъҳои куҳна дар бозори дохилию беруна кам мегардад. Агар ба таърихи на чандон дур назар кунем, хоҳем дид, ки дигаршавии навъҳо аз се давра иборат аст. То солҳои 50 — уми асри гузашта парвариши навъҳои маҳаллӣ мавқеи асосӣ дошт. Баъди солҳои 50 — ум гурӯҳи навъҳои нави селексионии «Ренет Симиренко», «Розмарин белий», «Бойкен», «Золотое грайма», «Пармен зимний золотой», «Белий налив» ва ғайра паҳн гаштаанд. Солҳои 70 — уми асри гузашта бо пайдошавии тагпайвандҳои нашвӣ ва навъҳои спурӣ – «Стар кримсон», «Ред делишес», «Делишес», «Голден делишес», «Ҷонатан», «Айдаред» ва ғайра бунёди боғҳои интенсивӣ оғоз гардид.
Дар 5 — 6 соли охир зиёда аз 60 навъи нави себ, ба монанди «Моди», «Прима», «Редфри», «Гала», «Гранни Смит», «Гранн Стар», «Ред Чиф», «Фуджи» ва ғайра ворид гардидааст, ки аллакай як қисми он мутобиқати худро дар шароити ҷумҳурӣ нишон дода истодааст.
Дар ҷумҳурӣ себ аз рӯи майдони боғҳо пас аз зардолу ва аз ҳаҷми истеҳсоли мева дар ҷойи дуюм меистад. Истеҳсоли он дар ҳама шакли хоҷагидорӣ тахминан 150 — 160 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Навъҳои барвақтии себ дар водиҳо аввалҳои моҳи июн ва навъҳои зимистона дар баландиҳои 800 — 2000 метр аз сатҳи баҳр охири моҳҳои сентябр — октябр мерасанд. Навъҳои зимистонаро то ҳосили оянда деҳқонон нигоҳ медоранд. Ин имконият медиҳад, ки тамоми фасли сол ин мева дастрас бошад.
Дар шароити хоку иқлими ҷумҳурӣ, хусусан, дар баландии 800 — 2000 метр аз сатҳӣ баҳр, меваи себ лаззату таровати гуворою накҳати муаттарро мегирад. Махсусан, навъҳои «Пахтасеб», «Шоҳисеб», «Гулсеб», «Ҳайдарӣ», «Гарматирамоҳӣ», «Рауфӣ», «Қарсаксеб», «Зардсеби тобистона», «Золотое грайма», «Пармен зимный золотой», «Голден делишес», «Ред делишес», «Розмарин белий», «Белий налив», «Слава победителям» вақте пухта мерасанд, хеле бомаззаю хушбӯй мегарданд.
Кормандони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ баҳри омӯзишу ҷобаҷогузории навъҳои себ дар минтақаҳои боғдории ҷумҳурӣ, агротехникаи парвариш, баландбардории ҳосилнокӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд. Дар коллексияи институт 80 навъи себи маҳаллӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда, маҳфуз дошта шудааст. Имрӯз дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Данғараи вилояти Хатлон, хоҷагии ниҳолпарварии «Искич» — и шаҳри Ҳисор, «Боғи падар»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра зиёда аз 60 навъи себи навворид, мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳоло ки дар ҷумҳурӣ амалигардонии барномаи рушди боғу токпарварӣ идома дорад, ба деҳқонону фермерон ва боғпарварони ҳавасманд тавсия дода мешавад, ки дар интихоби навъҳо ва бунёди боғҳои себ ба хато роҳ надиҳанд.
Майдони боғҳои саноатӣ бояд аз як, ду навъ бо дарназардошти навъҳои гардолудкунанда бунёд карда шавад. Ҳангоми интихоби навъҳо шароити маҳал ва талаботи бозорро ба ҳисоб бояд гирифт. Мисол, мувофиқи маълумот, ҳоло дар давлати Чин 50 % боғҳои нав аз навъи «Фуджи» бунёд гардидааст.
Нархи мева аз навъ ва сифати он вобаста аст. Навъҳое, ки якчанд сол пеш фоидаовар буданд, ҳоло зарароваранд. Аз ҷумла, дар Европа себҳои «Ҷонатан», «Маргендафт», «Глостер», «Голден делишес», дар ИМА — «Ред делишес» ва «Голден делишес»- ро навъҳои «Гала», «Фуджи», «Гранни Смит» ва ғайра иваз карда истодаанд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ вобаста ба афзоиши аҳолӣ масъалаи мубрам гаштааст, чунки ҳосилнокии онҳо 2-3 баробар нисбат ба боғҳои мавҷуда зиёд аст.
Ҳикматулло НАЗИРОВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
Нурмаҳмад КАМОЛОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон