Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар асоси супориши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (аз 8 июли соли 2019, № 9-524), мақолаи «Вахш. Мушкилоти чандинсолаи фарҳангиён кай ҳал мешавад?»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум», (№ 80 аз 4 июли соли 2019) нашр шудааст, дар маҷлиси назоратӣ бо иштироки масъулини соҳаи фарҳанг ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар ноҳия 37 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла, 5 хонаи фарҳангӣ, 4 клуб, 7 клуби деҳотии марказонидашуда, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 16 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Дар 18 китобхона 89 ҳазору 704 нусха адабиёти бадеӣ бо забони давлатӣ ва дигар забонҳо маҳфуз аст.
Мактаби санъати бачагона, ки соли 1960 таъсис ёфтааст, то ба ҳол фаъолият дорад. Тибқи низомнома, он ба тарбияи фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи санъати миллӣ аз синни кӯдакӣ ва наврасӣ машғул аст. Муассиса то кунун шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ки аксари онҳо дар риштаҳои гуногуни санъати кишвар фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, камбудию норасоиҳое, ки дар мақола қайд гардидаанд, ҷой доранд ва ҷиҳати сари вақт бартараф намудани онҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди техникӣ ва шароити муносиби корӣ ба аҳли фарҳанг дар марҳилаи ҳозира ба нақша гирифта шудааст, ки кохи кинонамоишдиҳӣ ба таври замонавӣ таъмиру тармим карда, бо таъмин намудани таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати истифодабарии минбаъда ба ихтиёри бахши фарҳанги ноҳия дода шавад.
Бояд қайд намуд, ки утоқҳои кории бахши фарҳанг аз таъмири ҷорӣ бароварда, бо таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин карда шудаанд. Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии Мактаби санъати бачагонаи ноҳия низ дар назар аст.
Ҳар сол ҷиҳати нигоҳдорӣ, таъмиру тармим ва таъмин намудан бо таҷҳизоти зарурии соҳа муассисаҳои фарҳангии ноҳия дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Тибқи нақша ва лоиҳаи ангоравӣ дар боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст ва он дар ояндаи наздик пурра навсозӣ мегардад.
Бо дарназардошти он ки соҳаи фарҳанг дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоии мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меорад, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷиҳати рушди бонизоми он тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш