Луқма

Восеъ: Ҳоли табоҳи мактаби №50

№113 (4063) 21.09.2019

davБинои таъмирталаб, мизу курсиҳои фарсуда, надоштани толори варзишӣ ва синфхонаи компютерӣ аз мушкилотест, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 — и деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови деҳаи «Кадучӣ» — и ноҳияи Восеъро нигарон кардааст.

 Муассиса ба номи шоир ва рӯзноманигори варзидаи ҷумҳурӣ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ гузошта шудааст. Беруни бино нимкораю бесифат, он ҳам бо дастгирии волидайни хонандагон ва омӯзгорон таъмир гардидааст, вале боқӣ мисли пештара дар ҳолати ҳузнангез қарор дорад. Хонандагони муассиса аз ночорӣ дар толори варзишии вайрону валангор ба тамрин машғул мешаванд.

Муовини директор оид ба таълим Сайдаҳмад Талбаков изҳор дошт, ки муассиса, ки аз соли 1984 фаъолият менамояд, боре рӯи таъмирро надидааст. Дар он 760 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ду ошёна ва 19 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад.

davАйни замон дар мактаб 58 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

- Қариб ду сол боз дар муассиса ба ҳайси роҳбар кор мекунам. Бинои он дар ҳолати бад қарор дошт. Дару тирезаҳо шикаста, деворҳояш таъмирталаб буданд. Ҳеҷ кас барои таъмир боре кумак накардааст.

Соли ҷорӣ бо қарз бинои онро рангубор намудем. Акнун намедонем, ки маблағи қарзро аз куҷо пардохт кунем. Ёд надорам, ки барои таъмири бинои муассиса аз мақомоти маҳаллӣ боре маблағ ҷудо гардида бошад. Соли равон аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидайни хонандагон 3 ҳазору 784 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ ва каме биноро таъмир кардем. Аз вазъи кунунии муассиса ҳама огаҳанд, — изҳор дошт директори мактаб Шодӣ Зокиров.

Пас, саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъулини ноҳия ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, пайи ислоҳи камбудӣ намешаванд?

Ин дар ҳолест, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Мудири шуъбаи маорифи минтақаи Кӯлоб Ҷамолиддин Шукурзода иттилоъ дод, ки дар минтақа 140 муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз дорад, ки онҳо дар деҳаҳои дурдаст ҷойгиранд. Шояд аз ҳамон муассисаҳои таъмирталаб якеаш мактаби №50 бошад?!

davҶамолиддин Шукурзода, ҳамчунин, зикр кард, ки дар минтақа 590 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 261 ҳазору 922 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, 44 муассисаи томактабӣ ва 378 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад.

Доир ба мушкилоти ҷойдошта хостем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмад Орифзода суҳбат намоем. Мутаассифона, ӯро дар ҷойи кораш пайдо накардем. Ҳатто ба зангҳои телефонӣ ҳам ҷавоб гирифта натавонистем.

Аз Раёсати молияи ноҳия иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири бинои муассиса ягон маблағ ҷудо нашудааст. Муассиса 25 ҳазору 872 сомонӣ норасоии музди меҳнат дорад.

Агар масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аққалан, баъди чопи ин матлаб, якҷо бо кормандони шуъбаи маориф ва соҳибкорони саховатпеша ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешиданд, нуран алонур мешуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»