Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№113 (4063) 21.09.2019

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Сафаров ва Бибидавлат Авзалшоева бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот намуданд.

Яке аз он вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва сокинони шаҳр сурат гирифта, дар он асосан оид ба муҳимияти сохтмони иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун», баланд бардоштани сифати маълумотнокӣ, бунёди бинои нави ДДХ бо шароиту имкониятҳои муосир ва дигар масъалаҳо сухан рафт.

Зикр гардид, ки моҳи марти соли 2020 НБО «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт ва истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт оғоз мегардад. Сохтмони он дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, баъди ба кор андохтани он то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт. Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 — киловолттаи «Себзор – Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки минбаъд боиси баланд гардидани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ мешавад.

Суҳбату вохӯриҳои судманди вакилон бо сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб низ доир шуданд.

М. ИМОМНАЗАР, рӯзноманигор

******

 17-уми сентябри соли равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба арзу дархости интихобкунандагон, ки ҳангоми мулоқот бо онҳо дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардид, ба раиси вилоят маълумот доданд.

Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки аз мушкилоти ҷойдошта масъулин огоҳанд ва барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои иловагӣ хоҳанд андешид.

Инчунин, раиси вилоят ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои таваҷҷуҳашон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳори миннатдорӣ намуд.

 Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

 ******

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, вакилони Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва Мусалам Қодирова дар деҳоти «Қаратоғ» ва ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Онҳо зимни суханронӣ аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар, рӯйдодҳои муҳиму хотирмони солҳои охир ёдовар шуда, ба кор даромадани агрегатҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти тақдирсози асрро, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қадами устувору бузурги кишвар дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ унвон карданд.

Ҳамчунин, бо такя ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таъмин гардидани пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо интихобкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, вусъатбахшии шуғли пурмаҳсул, тарҳу амалӣ намудани нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ, ки аз Паём бармеоянд, аз бахши муҳими суҳбатҳо буданд.

Дар робита ба аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, аз ҷониби Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар махсус таъкид гардид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»