18 сентябри соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Муҳаммед Илтаф Шейх ва сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Метю Лоусан мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисод, маориф, сармоя, сайёҳӣ, ҳамчунин, тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон, таъсиси намояндагии донишгоҳҳои британиягӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, аз рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ ва таъкид карда шуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ҳар ду кишвари дӯст ба ҳисоб мераванд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон