2 декабри соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, қабл аз ҳама ҷараёни татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе маротибаи дигар гузориши муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев шунида шуд.
Тибқи дастури раиси шаҳр раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ — Сатторӣ Иззатулло ва сардухтури Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе аз фаъолияти анҷомгирифта дар ин самт оид ба инвентаризатсияи чорво ва дигар ҳайвоноти нигаҳдошташон дар марзи пойтахт мамнуъбуда иттилоъ доданд.
Новобаста аз гузоришҳои масъулин Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати воқеияти оморҳои мавҷуда нигаронӣ намуда, супориш дод, ки фаъолияти тамоми комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар муҳлати ду ҳафта барои дар ҷойҳо тавассути гузашти сартосарии манзилҳои индивидуалии сокинони маҳаллаҳои шаҳр сафарбар гардида, ин раванд тариқи Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» муфассал инъикос ва нисбати сокинони хилофкор чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ татбиқ карда шаванд.
Комиссияҳои марбута муваззаф карда шуданд, ки ҳолати аз ҷониби ноҳияҳои шаҳр нигаҳдорию истифодаи роҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳоро низ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои таъмини бозор бо маҳсулоти ниёзи аввалия, риояи танзими расму оин, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, барориши саривақтии баргу хазонҳо, омодагӣ ба мавсими зимистон ва ҷашни 90-солагии таъмини шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, вобаста ба ҳар кадом масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардиданд.
Бо дахли масоили вусъати корҳои сохтмонӣ ва беҳбудбахшии симои меъмории шаҳр, ки ҷавобгӯйи талаботи Нақшаи генералӣ мебошад, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки феълан дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии пойтахт таҷдиди қисмати марказии шаҳр, шурӯъ аз кӯчаҳои А. Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ бо суръати баланд идома дорад.
Тасмим гирифта шуд, ки дар марҳилаи феълӣ тамоми қувва барои амалисозии сохтмон ҷиҳати иҷрои Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр равона шавад.
Аз ин рӯ, аз кулли хоҳишмандони иштирок дар барномаҳои сохтмонии шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки вобаста ба ин муқаррарот дархостҳояшонро ба баррасии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ирсол созанд.
Бо дарназардошти ин воқеият дар ҷаласа қарор дода шуд, ки дигар дар шаҳр квартираҳои моликияти коммуналӣ барои истифодаи иҷоравӣ ба шаҳрвандон дода нашавад.
Дар фарҷом аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе