КӮЛОБ. Беш аз ду ҳазор ҳолати дуздии барқ ошкор гардид

№116 (4066) 28.09.2019

davҶамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар минтақаи Кӯлоб аз мушкилоти доғи рӯз ба шумор меравад. То 1 сентябри соли 2019 қарзи истифодаи неруи барқ, дар маҷмӯъ, ба 98641 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 млн. 951 сомонӣ зиёд мебошад. Ин ҳолат кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб»- ро сахт нигарон кардааст.

Ба иттилои С. Мирзоев — муовини директор оид ба фурӯши барқи муассиса, тайи 8 моҳи соли 2019 якҷо бо мақомоти қудратӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 2338 ҳолати қоидавайронкунӣ, яъне, дуздии барқро ошкор намуданд, ки 4 миллиону 181 ҳазору 254 кВт/соатро ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобшудаи он ба 1 млн. 027 ҳазору 874 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин ҳисоб 746 ҳазору 442 сомониаш рӯёнида шудааст.

- Феълан дар ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» 238 корхонаи саноатӣ, 2773 корхонаи ғайрисаноатӣ, 452 ташкилоту муассисаи буҷетӣ, хоҷагии коммуналӣ, 74 адад пойгоҳи обкашӣ, насосҳои обгузар ва чоҳҳои амудӣ ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз омилҳои афзоиш ёфтани қарзи барқ дар минтақа куҳнаю фарсуда будани трансформаторҳо, таҷҳизот ва хатҳои интиқоли барқи 04 610 кВт мебошад. Ҷамъ 28 ҳазор симчӯб ва пояҳо фарсуда шудаанд.

Сабаби дигар сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз тарафи корхонаҳои дар минтақаи Кӯлоб фаъолияткунандаи  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қарзи истифодаи неруи барқ дар идораҳои зикршуда то 1 сентябри соли равон ба 5 млн. 703 ҳазору 620 сомонӣ расидааст, — гуфт ӯ ва афзуд, ки 1 сентябри соли ҷорӣ нархи неруи барқ барои муштариёни маишӣ 22,66 дирамро ташкил дод, яъне нисбат ба соли гузашта 17 фоиз афзоиш ёфт.

- Дар шаҳри Кӯлоб маб­лағи қарзи барқ ба 151 миллион сомонӣ расидааст, ки 114 млн. сомонии он қарзи аҳолӣ мебошад, — мегӯяд Қудбиддин Масамиев, сармуҳандиси ҶСК «Шабакаҳои барқи  шаҳри Кӯлоб». — Дар 8 моҳ оид ба дуздӣ ва истифодаи пинҳонии неруи барқ 1367 санади ҷаримавӣ ба маблағи 1 миллиону 202 ҳазору 894 сомонӣ тартиб дода шудааст. Яъне, барқдуздӣ дар шаҳри Кӯлоб низ мисли дигар навоҳӣ ба чашм мерасад.

Кормандони «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дар 8 моҳи соли 2019-ум 13 корхонаву ташкилотро бо сабаби қарздор будан ба суди иқтисодӣ додаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»