Бисту якуми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳал» баргузор шуд.
Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, мактабҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат варзиданд.
Яке аз ҳадафҳои конфронс омӯхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо, принсипҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ буд.
Дар конфронси мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилов суханронӣ карда, чунин ибрози андеша намуд:
Таълиму тарбияи томактабӣ дар низоми маориф яке аз зинаҳои муҳим ва заминавӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккулёбии кӯдак ва омода намудани онҳо ба мактаб нақши аввалиндараҷаро мебозад. Ин буд, ки 13 ноябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»-ро қабул карданд. Қонуни мазкур дар пешрафти таълиму тарбияи томактабӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Мавсуф аз ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорони байналмилалӣ — Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Институти «Ҷомеаи кушода» дар Тоҷикистон, Хазинаи Оғохон, ки дар баррасии ин лоиҳаи қонун ширкат доштанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ зикр кард, ки бо ташаббуси ин ниҳодҳо таҷрибаи хуби таъсиси шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои томактабӣ роҳандозӣ шуд ва ҳоло натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ҳамзамон, ин таҷриба мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дастгирӣ ёфт ва чунин заминаи ҳуқуқии фаъолияти ин муассисаҳо, аз қабили Маркази инкишофи кӯдакон, муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии дорои гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» инъикос гардиданд.
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Наврӯзов афзуд, ки масъалаи таҳсилоти фарогир ва ё мушкилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд яке аз масъалаҳои мубрам на танҳо дар Тоҷикистон, балки соири давлатҳои ҷаҳон мебошад. Атрофи ин масъала дар ҳар як давлат, то андозае кор бурда мешавад, вале ҳанӯз дар якҷоягӣ ба пояи ниҳойӣ нарасидааст. Мушкилиҳо ҳоло дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, ки имрӯз 10 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд, зиёданд. Сарфи назар аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имконият барои фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯйӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Қабули Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар кишвар инъикосгари ин масъалаанд.
Мавсуф илова намуд, ки мақсади Консепсия таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд ё ин ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробари кӯдакони солим мебошад.
Дар конфронс зикр шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Қирғизистон 16-20 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ва дар Ҷумҳурии Беларус 93-95 фоиз ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин амал барои Тоҷикистон яке аз таҷрибаҳои аввалин дар ин самт мебошад.
Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, имрӯз дар кишвар 508 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 74448 нафар кӯдак ва 711 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 14796 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, 89244 нафар кӯдак ба таълим ва тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст. Илова бар ин, ҷиҳати рушди таҳсилоти томактабӣ дар ду давра бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъбасти конфронс намояндагони шуъбаҳои педагогӣ, психологӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Донишкадаи Черногория, Фонди ҷамъиятии «Қадам ба қадам» аз шаҳри Киев, Институти дахолати барвақтӣ аз шаҳри Санкт-Петербург баромад намуда, иброз доштанд, ки таҳсилоти фарогир системаи хадамоти таълимӣ буда, ба принсипҳои таъмин намудани ҳаққи бунёдии кӯдак ба таҳсилот, ҳақи таҳсил кардан дар ҷойи истиқомат асос ёфтааст ва таҳсилро дар шароити мактабҳои ҳамагонӣ пешбинӣ менамояд.
Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»