«Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон, баъдан фарҳангашро нест мекунанд»
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забони ҳар як миллат бояд устувор, тоза ва доим дар густариш бошад, яъне шахшуда не, балки аз адабиёт ва осори гузашта мудом ғанӣ гардонида шавад. Пӯшида нест, ки дар миёни арзишҳои маънавию фарҳангӣ аз ҳама асосӣ забон аст. Бинобар ин, агар забони миллат ба ҳаде боқувват набошад, ки фарҳангашро муаррифӣ кунад, пас ҷамъият ногузир таҳти таъсири фарҳангҳои ғайр қарор мегирад. Дар он сурат аъзои ҷамъият тадриҷан ҳайсияти миллиро аз даст дода, ба арзишҳои бегона рӯ меорад. Ин дар ҳолест ки инсон тавассути китобҳои хонда ва донишҳои азхудкарда системаи муайяни фикррониро соҳиб мегардад. Масалан, онҳое, ки забонҳои хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, чинӣ ва ғайра)-ро аз худ мекунанд, агар забони модариро нағз надонанд, тадриҷан таҳти таъсири ақидаҳое мемонанд, ки аз тариқи воситаҳои хаттӣ ва навории забонҳои омӯхта пахш мегарданд. Сипас, бо гузашти вақт тарзи биниш ва фикрронӣ ба тарзи биниш ва фикронии англису фаронсавӣ, олмонию чинӣ монанд мешавад. Бинобар ин, шарти аввали ҳифзи асолат ва ҳамчун миллат боқӣ мондан он аст, ки забони модариро бо ҳама махсусият омӯзем, талаботи меъёри забони тоҷикиро бечунучаро риоя кунем.
Мутаассифона, наметавон гуфт, ки ҳоло ҳама талаботи меъёри забони давлатиро дуруст иҷро мекунем, барои ҳифзу ҳимоят ва густариши он ба қадри даркорӣ кор карда истодаем. Зеро мушоҳида мешавад, ки муаррифгарони забону фарҳанг зуд — зуд дар гуфтору навишт аз калимаву баёни бегона истифода мебаранд. Масалан, ҳоло истифодаи калимаи «презентатсия» бисёр маъмул шудааст. Ҳол он ки шакли тоҷикии он мавҷуд аст. Чунончӣ, калимаҳои «намоиш», «шиносоӣ», «муаррифӣ», «тақдим», «арз» ва «пешкаш» ин маъноро медиҳанд.
Илова бар ин, дар маҳфилҳои илмӣ, ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун гӯё истифодаи калимаҳои бегона ҳатмист ва он сатҳи донишро муайян мекарда бошад. Чунон менамояд, ки бо истифода аз калимаҳои забони ғайр мехоҳем аз дигарон фарқ кунем, гуфторамон тарзе бошад, ки барои аксарият ошно нанамояд. Ҷониби дигари масъала, ки хеле ташвишовар мебошад, он аст, ки дар навишта ва гуфтори кормандони матбуот, телевизион ва радио, ки барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забон вазифадоранд, тағйири услуби баён мушоҳида мешавад. Ҳатто метавон гуфт, ки расонаҳои ахбор ба қадри даркорӣ ба тозагии забон аҳамият намедиҳанд.
Таассуфовар боз он аст, ки бештар ҷавонон забонро махлут ва нодуруст истифода мебаранд. Истифодаи ноҷои таркибу ибораҳо, корбурди калимаҳои лаҳҷавӣ, русиву англисӣ гуфтори онҳоро дағал ва ҳолиф забони муоширатро хароб кардааст. Ҳол он ки ҷавонон он қишри ҷомеа мебошанд, ки меросбари фарҳангу забон ва миллатанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба тозагии забон, ба риояи талаботи меъёри забон аҳамият диҳанд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки имкони ба ҳам омезиш ёфтани фарҳангҳо бештар шудааст, аз байн рафтани фарҳангҳо, забонҳои хурд ва беҳимоятмонда ногузир мебошад. Бо фарқ аз асри ХХ дар асри нав пахшу ишғол кардани давлатҳо бидуни силоҳ, балки тавассути фарҳанг ва бозор (иқтисод) бартарият ёфтааст. Қадами кишварҳои бузург ба ҳар минтақа ва давлати алоҳидае, ки расид, ҳатман он ҷо нишонаҳо аз фарҳанги он давлат, анвои хӯрок, сарулибос, мусиқӣ ва дигар унсурҳо ба назар мерасанд.
Бинобар ин, лозим аст, ки нисбат ба рукни муҳими давлат – забон бепарвоӣ зоҳир накунем, то забони нобу ширини тоҷикӣ аз ҷониби соҳибони забону фарҳанги ғайр помол ва олуда нашавад.
М. УСМОН, «Садои мардум»