Субҳи чоруми октябри соли 2019 деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров дар синни 80 аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хостанд.
Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракат барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус, боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёр сарф кардааст.
www.president.tj