4 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоии беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст. Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони тоҷикӣ сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони имрӯзу ояндаи забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.
Риояи қоидаю меъёр ва имлои забони давлатӣ, бахусус, барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, ҳамчунин, падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар амал ҷорӣ кардани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дастуру супориш доданд.
Зикр шуд, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ, дар мактабҳои мамлакат бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонон аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд. Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифтааст ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад. Ин воқеият миёни насли оянда таблиғи забондониро талаб менамояд.
Дар интиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонист, ки забони модариро азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷон ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша гиромӣ дорем.
Ҷамъомад баъди барномаи рангини фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар, ки бисёр дилнишин сурат гирифт, хотима ёфт.
www.president.tj