Умри гули лола

№154 (3139) 07.12.2013

(ҳикоя)

Зебунисо дар утоқ пушти миз парвандаро варақ мезад. Дар он аъмоли дуздии як ҷавон баррасӣ мешуд, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ парвандаро ба суд ирсол намудааст. Ин парвандаи охирин набуд, ки дар суд чанд тан аз ҷавонон бо ҷинояти дуздӣ ҳукми ҷазо гирифта буданд. Дуздӣ, авбошӣ, чунин буд аксар амали ҷиноии онҳо.  Теъдодаш аз пештара зиёд. Бо ин амал боз онҳое даст доранд, ки қаблан ҷазо гирифта буданд. Ҳукми ҷазо сабук аст ё … бо чунин андешаҳо Зебунисо  парвандаро варақ мезад. Ҷавон аст ду фарзанд дорад.

Дарро кӯфта ба утоқ ворид шудани котиба Зебунисоро ба худ овард. Котиба гуфт, ки ӯро раис  мепурсад.

Раис судяи ҷавон Зебунисоро ба нишастан таклиф намуда, парвандаро  сӯяш дароз кард. Одатан раис парвандаро  супурда, ба судя таъкид мекард, ки онро дар муҳлати муайян баррасӣ кунад.

Аммо раис ин маротиба на аз муҳлат, балки аз шахсияти ин нафари  нисбаташ даъво пешниҳодшуда, сухан оғоз кард. Одами обруманд, олими шинохта. Зани пинҳонӣ гирифтааш баъди чанд сол аз болояш шикоят овардааст. Аз вай фарзанд ҳам доштааст. Даъво дорад, ки ҳам барои  фарзандаш алимент муқаррар кунанду ҳам ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд. Чунин буд мазмуни аризаи даъвоӣ. Талаби зан асоси қонунӣ дорад, инро ӯ хуб мефаҳмад.

Агар ин талаби занро ба ҷо орем, мард беобру мешавад, ҳам доғи судӣ мегирад. Ба зан барои фарзандаш алимент муайян мекунем. Ин  кифоя аст.

-Агар зан қонеъ нашавад-чӣ?

-Барои ҳамин  парвандаро ба ту месупорам, ки ӯро қонеъ гардонӣ. Ба вай фаҳмон, ки пеш аз ба марди бегона ишқварзӣ кардан ақлаш дар куҷо буд? Медонист, ки ӯ зану фарзанд дорад. Ноболиғ нест, ки мард ӯро фиреб карда бошад. Агар  хоҳиш намедошт бо ӯ зиндагӣ намекард ва на як солу ду сол. Дигарашро ба ӯ  мефаҳмонӣ.

Зебунисо парвандаро гирифта, ба утоқи кориаш баргашт. Онро кушод, даъвогар Любов  Михайловна ҷавобгар Акбар Юсуфзод ном доштанд. Раис беҳуда ишора накарда будааст. Мард соҳиби обру ва ҳам олими  номдор.  Зан шояд шефтаи  мартаба, пулу  молаш шуда бошад. Ҳоло аз чизе норозисту мехоҳад қасос гирад. Агар не, чаро то ин муддат хомӯш буд зан?

Занҳои пинҳонӣ аксар дар он ҳолат худро  ошкор мекунанд, ки аз манбаи даромад бенасиб мемонанд ё мард рӯ ба маъшуқаи нав меорад.

Аз суҳбати аввал маълум шуд, ки занро «шикастан» осон  набудааст. Баробари судя баҳс мекарду аз қонун далел пеш меовард ва тақозои иҷрои онро мекард. Дар акси ҳол то ба Маскав  менависад.

Ӯ даъвои худро пеш  мемонду судяи ҷавон рафтори ношояму берун аз одоби занро ба миён мегузошт. Инҳо далел буданд, ки пеши даъвои занро гирифта метавонистанд. Баҳсу мурофиаи судӣ  хеле тӯл кашид. Оқибат зан бо гирифтани алимент розӣ шуд.

Аз байн чанд сол гузашту он зан боз дар назди Зебунисо пайдо шуд. Гумон кард, ки боз арзу шикоят дорад. Аммо зан гуфт, ки наздаш барои шикоят наомадааст. Аз ҷумҳурӣ тамоман рафтанист. Ба Акбар Юсуфзод на ба  хотири  пулу молаш зиндагии маҳрамона мекард, хатои ҷавонӣ буд, шефтаи симои дилфиребу суханони ҷаззоби ӯ гашт. Барои ба мартабаи баланди илмӣ баромаданаш ёрӣ расондааст. Аз номзадӣ то докторӣ. Ман на ӯро, балки вай  маро истифода бурд, то дами ба мартаба расидан.  Худхоҳ, аз ҳама бад чизпарасту ҳарис аст.

Пеш аз рафтан  дуо мекунад, ки Зебунисо дар  зиндагиаш ба Акбар Юсуфзод боре сарукор дошта бошад. Баъд хоҳад фаҳмид, ки ӯ чӣ гуна инсон аст. Инро гуфта зан дарро пӯшида рафт.

Зебунисо ин суханони занро аз қаҳру алам донист ва чандон  аҳамият надод. Баъди чанде бо дигар корҳо банд шуда, он зану  суханони ӯро тамоман фаромӯш кард.

***

Зебунисо зане буд, болобаланд, сафедчеҳраи зебо. Худо барояш ҳам зебоӣ ва ақли расоро бахшида буд. Ӯ дар мақомоти судӣ кор мекарду шавҳараш Аҳмад Қодирӣ полковники милитсия. Ҳарду ҳангоми донишҷӯӣ шинос гардида, хонадор шуда буданд. Ин ду ҷавон зиндагии хушбахтона доштанд.

Барвақт хонадор шуда бошанд ҳам, оилаи ҷавон дер соҳиби фарзанд гаштанд. Тавлиди писари деринтизор мояи шодӣ, бақои оиладории онҳо гашт.

Онҳо таваллуди фарзандашонро доди Худо медонистанд. Ва ӯро Додихудо ном монданд. Яккаписар нозпарвари падару модар буд. Чун гул эҳтиёт ва навозиш мекарданд. Ҳар нозу талаби ӯро мебардоштанд чӣ дар тифлакию айёми наврасӣ. Бо калон гаштан талабу хоҳиши Додихудо зиёдтар мешуд. Ҳамоно падару модар онро иҷро мекарданд. Яккаписар аст, набояд камбудие дошта бошад.

Додихудо аз соле худро ёд дорад, кисааш ҳамеша пури пул буд. Модар алоҳида, падар алоҳида Додихудоро пулборон мекарданд. Ҳамин тавр ӯ дар баҳри орзуҳояш шино дошт.

Ба Додихудо чунин зиндагӣ одат шуда буд. Бо ном дар мактаб мехонд. Хотири падару модараш Додихудорро аз синф ба синф мегузаронданд. Муаллимон ҳам аз рафтори бадаш мехостанд, зудтар аз Додихудо халос шаванд.

Кӯшиши падару модар барои дар мактаби олӣ хондани Додихудо фоида накард. Бо каллаи холӣ чӣ тавр метавон хонд? Кисаи пулдор дошт, дигар ба ӯ чӣ лозим! Ҳамин тавр ӯро калон карда буданд. Яккаписарро дилашон намешуд, ки ранҷонанд.

Ҳеҷ гумон надоштанд, ки зиндагӣ ранги дигар мегирад, ҳам барои падару модар ва ҳам барои Додихудо.

***

Полковник Аҳмад Қодириро дар мақомот афсари далелу кордон мешинохтанд. Ҳамчун корманди фаврӣ дар амалиёти махсус иштирок намуда, корнамоӣ нишон дода буд. Таҳти роҳбарии ӯ чандин гурӯҳҳои хавфнок дастгиру безарар гардонида шуда буданд. Акси ӯ лавҳаи фахрии раёсатро ҳамчун беҳтарин корманд оро медод.

Ба раёсат хабари фаврӣ омад, ки ҷинояткори чанд моҳ дар ҷустуҷӯ қарордошта, дар яке аз хонаҳои кӯчаи Баҳористон пинҳон аст. Қаблан суд шудаасту дар қатли зане ҳамчун гумонбар дониста мешавад.

Гурӯҳи фаврӣ ташкил ёфт ва полковник Аҳмад Қодириро роҳбари он таъин намуданд. Вазифаи гурӯҳи фаврӣ: то ҳадди имкон зинда дастгир кардани ҷинояткор. Огоҳ карданд, ки ӯ яроқнок аст ва бояд боэҳтиёт бошанд. Мувофиқи вазъият амал кунанд ва бори аввал нест, ки гурӯҳи фаврӣ ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешуд. Хушбахтона, амалиёт бомуваффақият меанҷомид. Роҳбарият ба гурӯҳ барор хостанд.

Гурӯҳи фаврӣ ба маҳалли муйаяншуда расид. Нозири минтақа, капитан Алимов хонаро нишон дод. Полковник донистан хост, ки мабодо кормандони милитсия аз беэҳтиётӣ худро ошкор сохтанду ҷинояткор аллакай ҷояшро дигар карда бошад? Капитан Алимов гуфт, ки тамоми шаб он бино таҳти назорат аст ва яқин ҷинояткор дар ошёнаи сеюм қарор дорад. Назорат бурдем, дар боре ҳам кушода нашудааст, тирезаҳо бошад, панҷараи оҳанин дорад.

Полковник гурӯҳро тақсим намуд аз ошёнаи якум то сеюм. Ӯ бо капитан Алимов пушти дар омаданд.

Алимов дарро кӯфта, соҳиби хонаро даъват кард. Хомӯшӣ. Чанд маротиба такрор кард. Боз ҷавобе шунида нашуд.

Полковник амр дод, ки дарро шикаста медароянд. Баъди кушода шудан Алимов пештар ва полковник вориди хона шуданд. Дар ин лаҳза садои тир баланд гардид. Ин ҷинояткор буд, ки Алимовро нишон гирифта, тир холӣ кард. Полковник туфанг дар даст хост худро болои ҷинояткор партофта, ӯро ба замин хобонад. Аммо дер шуда буд. Полковник муаллақ дар ҳаво садои тир баланд шуд. Чанде аз гурӯҳи фаврӣ ба хона давида даромаданд. Сардор оғӯштаи хун базӯр нафас мекашид. Қотил низ таги тиреза беҳаракат мехобид. Ӯ оқибати қисматро равшан медонист ва ноилоҷ  худкушӣ мекунад. Сардор, ки аз масофаи наздик тир хӯрда буд, ҷароҳати вазнин дошт. Капитан Алимов аз пояш захм бардошта буд. Баъди чанд рӯз полковник Аҳмад Қодирӣ дар беморхона вафот мекунад.

***

Ҳалокати шавҳар зарбаи сахту ногаҳонӣ буд барои Зебунисо. Ӯ марди хона, шахси наздику меҳрубонашро аз даст дод. Ҳис мекард, ки саломатиаш чандон хуб нест. Бештар на ба кор, балки бемористон мерафт. Марги падар барои Додихудо чандон таъсир накард. Ҳамоно бо ҳамтабақҳояш маишат дошт. Модар он вақт ба ёдаш меомад, ки барояш пул лозим мешуд. Ин одате буд аз хурдӣ вайро домангир. Ба хона Додихудо кам меомад ва агар меомад масту аласт буд.

Модар боре баъди аз кор омадан дар ошхона писарашро бо духтаре дид. Рӯйи миз чанд пора ҳасиб ва як шиша коняк меистод. Ҳар ду сархуш буданд ва бо дидани Зебунисо майли хестан ҳам накарданд. Додихудо канда-канда, ки бо чунин лаҳн бадмастон сухан мегӯянд, духтарро бо модараш шинос кардан мехост.

- О-о-оча, ин зани ман Маҳина….

Зебунисо дами дар лолу ҳайрон монда буд. Писар ин духтарро на арӯс, балки занаш муаррифӣ кард. Кай, дар куҷо зан гирифта бошад. Кист ин занаш? Бо ин аҳвол, ки писару он духтар доштанд, Зебунисо гап заданро раво надонист. Аз ду сар фоида надорад ва ба ҳуҷрааш даромада, рӯйи диван дароз кашид. Аз кирдори писар, ранҷурии баданаш нороҳат буд. Сараш сахт дард мекард. Ин нишонаи баланд гаштани фишори хун буд. Садои пӯшида шудани дар ӯро ба худ овард. Писару духтар аз хона рафта буданд. Рӯйи миз шишаи нимхолии коняк, пастмондаи сигор, қошуқу лаъличаҳои ҳар тараф бетартиб партофта шуда. Модар, ки худ базӯр роҳ мегашт, рӯйи мизро тоза кард.

Мунтазир шуд, ки писараш меояду бо ӯ суҳбати ҷиддӣ мекунад. Пас аз ду рӯз писар ба ҳамон духтар ба хона омаданд. Сархуш буданд, аммо на он қадар зиёд. Модар ҳанӯз сухан оғоз накарда, Додихудо гуфт, ки бояд ба хонаи занаш хостгорӣ равад. Ин фармоиши падари духтар аст. Агар бе тӯй духтарро ба хона орам, падараш шарманда  мешудааст.

Зебунисо базӯр ба миз такя карда  нишаст. Акнун кор аз кор гузашта буд. Каме ба худ омада пурсид, ки падари духтар кист. Акбар Юсуфзод ном доштааст мард. Ҳамоне , ки дар суд парвандаашро аз рӯйи шикояти зани дуюмаш дида буд. Агар кӯмак намерасонд, ба додани танҳо алимент халос намешуд. Қисмат ё дуои он зан буд, ки онҳо акнун бо ҳам сарукор  мегиранд. Зебунисо бовар дошт, ки ӯро марди обруманд хуш қабул  мекунад. Бо ду –се нафари қадрдонаш Зебунисо ба хонаи Акбар Юсуфзод хостгорӣ рафт. Пазироӣ аз лаҳзаи аввал хуш набуд, ҳарчанд мизбон меҳмонро хуб шинохт. Писари ӯро гунаҳкор мекард, ки духтарашро аз роҳ задаасту бо фиреб дастдарозӣ кардааст. Ин барояш, ки шахси обруманд аст, шармандагист. Бо тӯю тамошо духтарамро ба хонаатон баред, ки обруям  нарезад. Боз чанд таъкиди дигар. Бо ҳамин суҳбатро давом надоду гуфт, ки ба симпозиуми илмӣ бояд равад.

Зебунисо аз хонаи олими шинохта чӣ тавр баргаштанро дар хотир надорад. Ин тавр  муносибатро надида буд. Боз суханони зан ба ёдаш омад. Пеши ӯ симои Акбар Юсуфзод кушода мешуд. Харҷи тӯйро пурра ба уҳдаи Зебунисо  бор кардан дубора маълумаш гашт, ки бо кӣ сарукор  гирифтааст. Гӯё он зан рӯ ба рӯяш истодаасту гуфтаашро такрор дорад: Акбар Юсуфзод мумсику чизпараст аст. Зан сӯяш табассум дорад, хурсанд аст, ки дуои ба Зебунисо кардааш мустаҷоб гаштааст. Аз чунин  одамон ҳеҷ гоҳ хубӣ намебарояд. Беҳуда дар суд ӯро ҳимоя кардӣ…

Баъди тӯйи иҷборӣ рӯзи сиёҳи Зебунисо оғоз шуд. Додихудо ва занаш ҳар ду аз як палак буданд. Даст ба оби хунук намезаданд. Ҷойи хоб, коса, табақи баъди хӯрокро  намеғундоштанд. Ба куҷо бедарак мешуданд, чӣ кор мекарданд, модар намедонист.

Дарду алам, рафтори писару  келинашро Зебунисо  натавонист бардошт кунад. Бемориаш авҷ гирифту бистарӣ шуд. Баъди муолиҷаи тӯлонӣ аз бемористон ба хона баргашт. Ҳис намуд, ки аз хона чизу чораи қиматбаҳо, туҳфаҳои аз шавҳараш монда бедарак шудаанд. Модар донист, ки ин кори Додихудо аст. То ин дам ба ӯ модар  пул медод. Модар дар бемористон, аммо ба Додихудо, зану ҳамтабақҳояш пул лозим буд. Ӯ аз хона ҳар чӣ  рост меомад, мебурду мефурӯхт. Додихудо маълумоту касбе надошт. Ягона ҳунаре, ки аз уҳдааш мебаромад, маишат буд ва завҷааш ӯро шарик.

***

Зебунисо рӯйи кат дароз кашида, ба сурати болои  қолини барқад овезон буд, менигарист. Аз афташ навбати фурӯхтани ин қолин нарасида аст. Ин сурати ӯ, шавҳараш ва Додихудои хурдсол буд. Он дар ҷашни Наврӯз берун аз шаҳр миёни гулҳо аккосӣ шудааст. Чӣ лаҳзаи ширину гуворо. Зебунисо паҳлуи шавҳар, Додихудо миёни гулҳои лола  табассум доштанд. Қади Додихудо баробари лолаҳо. Дар лабони Додихудо  табассуми зебои беғаши кӯдакона. Лолаҳо ҳам гӯё бо ӯ табассум мекарданд.

Ин ҳама гӯё дар хоб бошад. Лаҳзаҳои ширину гуворо, ки шабеҳи умри гули лола буданд. Лола бо ҳама зебоияш умри кӯтоҳ дорад. Як фасл ҳокими зебоисту халос. Баъд хазонрез оғоз мешавад, баргҳои нозуку зебояш як – як мерезанду аз он нишоне намемонад.

Хазон дар умри онҳо  барвақт оғоз шуд. Марги  фоҷиабори шавҳар, рафтори ношоями писараш ӯро  бармаҳал пиру барҷомонда кард.

Зебунисо ба акси шавҳараш нигарист гӯё  бо ӯ суҳбат дошт. Умри ман баъди ту хазон шуд. Аммо умри Додихудоро ҳар ду хазон кардем. Шавҳар ҳамоно хомӯш буд. Чӣ ҳам мегуфт? Ҳамаашро медонад. Ба бероҳа гаштани писари ягонаашон шояд ҳар ду гунаҳкор бошем, аз нигоҳаш мехонд Зебунисо. Шавҳар борҳо ба Зебунисо аз зиндагии душвори ҷавониаш нақл мекард. Ятим монда буду дар ба дари хонаи амаку тағояш рӯз мегузаронд. Баъди мактаб дар саҳро баробари калонсолон кор мекард. Ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафту баъд ба донишгоҳ дохил шуд, он давр аскарон имтиёз доштанд.

Солҳои донишҷӯйи ҳам кор  мекард. Бо ҳамкурсонаш шабона аз вагонҳо ангишт холӣ мекарданд. Музди ночиз мегирифтанд, аммо бо изофаи стипендия барои хӯрокаш басанда буд.

Ман ятим бо азоб калон шудам, мегуфт ба Зебунисо, наход ягона писарамонро таъмин карда натавонем?

Зебунисо ҳам чунин мехост, тавре ки падараш орзу дошт.

Модар акнун фаҳмида буд, ки дер кардаанд. Писараш аз идораи модар берун шуда, роҳеро  интихоб кард, ки барояш писанд аст. Дигар роҳро ӯ намедонад. Роҳе буд, торику махуф.

Зебунисо оҳи пурдард кашид. Ба ислоҳи дигарон машғул шудему тарбияи фарзанди худро фаромӯш кардем. Аз бисёр китобҳо хонда буд, ки тарбияи  сахтгирона ба кӯдак дар мутобиқ намудан ба душвориҳо дар  марҳилаҳои гуногуни  инкишофаш кӯмак мерасонад. Гумон доштем, зиндагии мо барои писарамон дарси ибрат мегардад. Аммо…

***

Субҳ занги телефон Зебунисоро аз хоб бедор кард. Ӯ шабҳо хоб надошт, аз беморӣ ва ғами писараш. Танҳо дами субҳ каме хобаш омада буд. Ба ӯ гуфтанд, ки дар беморхона писараш дар ҳолати вазнин хоб аст. Модар бо азобе худро ба бемористон расонд. Духтур Зебунисоро ба ҳуҷраи корӣ дароварда, ором кард. Ӯро ба ҷуз рост гуфтан илоҷи дигар набуд, вазифааш ҳам инро тақозо мекард. Ба модар фаҳмонд, ки шаб се нафарро ба бемористон мадҳуш оварданд. Онҳоро аз рӯйи сабзаҳои назди тарабхона ёфтаанд. Аз истеъмоли зиёди нашъа ду нафар то ҳол  мадҳушанду писараш се соат пеш  вафот кард. Ӯро як духтур  шинохтааст ва ба шумо занг задем.

Бо шунидани ин хабар пеши чашмони Зебунисоро сиёҳӣ пахш намуд, дигаре чизеро ёд надорад…

Додихудоро бо кӯмаки ҳамкорону ҳамсояҳо ба хок  супурд. Дар ҷаноза ва  фотеҳаи чили Додихудо аз Акбар Юсуфзод дарак набуд. Рӯзе Акбар Юсуфзод ба хона омада гуфт, ки ҷиҳози арӯсии духтарашро мебарад.  Ӯ намедонист, ки арӯс ба хона чӣ оварда бошад, аммо падару  духтар хонаи хобашонро рӯфта бурданд. Зебунисо бо чор девори сарду холӣ монд.

Ҳар чӣ давоми умр ӯ ва шавҳараш ҷамъ оварда буданд ба яғмо рафт, аз дасти писару келини  номуносибаш. Аммо ин ҳама дигар барояш арзише надошт. Худи ӯ нодаркор шудааст. Ҳатто номарде чун Акбар Юсуфзод некии ӯро рӯйи хотир ҳам накард. Ҳанӯз ҳам дар андеша аст, ки ба  ин мард дар зиндагиаш рӯ ба рӯ омадан амри тасодуф бошад ё дуои он зани аз дасти Акбар Юсуфзод ба додгоҳ бо қасди имдод омада.

Хост баланд нола кунад, аз аламу хорӣ, аммо мадораш  намонда буд. Ба аёдати ӯ одамони қадрдон, ҳамкору ҳамсоя меомаданд. Аммо ин ҳама як лаҳза буд. Баъди рафтан ӯ худро боз яккаву танҳо меҳисобид. Касе лозим, ки мутакояш бошад. Душворӣ, танҳоиро ҳар рӯз эҳсос менамуд. Ба даҳшат меафтод.

Аз қишлоқ хоҳарашро давъат кард. Мартабаи баланд ва сатҳи  зиндагиашон баробар набуд, аз ин рӯ робитаи хешутабории қавӣ надоштанд. Хоҳари серфарзандаш бо даъвати ӯ омад. Зебунисо аз танҳоӣ, душвории ба сараш омада дарди дил кард. Маълум нест аз умраш чӣ қадар мондааст, як нафар  фарзандашро аз ӯ хоҳиш дорад, ки наздаш монад.

Хоҳараш вазъи апаашро мефаҳмид. Дилаш сӯхт ба апаи як вақт овозадору машҳураш. Ӯ писари хурдӣ — Нозимро ном бурд, медонист, ки писари ҳалиму меҳрубонест, хуб мехонад.

-Бигузор чунин бошад,- гуфт  Зебунисо. –Хонаро дар зиндагиям ба номи ӯ  васият мекунам. Аз хурдӣ тарбия дидаасту маро хорузор шудан намемонад. Ба хонданаш ёрӣ мерасонам.

Зебунисо гӯё аз нав ҷон  мегирифт. Хоҳарашро ба оғӯш кашид. Оби чашмаш ба рухсораи пурожангаш мерехт. Он ашки хурсандӣ буд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»