Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ

№123 (4073) 15.10.2019

14 октябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус, бахши саноат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дарёфти роҳҳои нави рушди саноат ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат маънидод гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба вазъи соҳаи саноат дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суханронӣ карда, барои рушду пешрафти кишвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанию ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати кишвар, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.

Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон як гурӯҳ соҳибкорон ва саноатчиёни ҷумҳурӣ бо таклифу пешниҳодҳо баромад карда, барои таъмини фазои созгори фаъолияти истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

www.president.tj