Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№123 (4073) 15.10.2019

48880606308_f27b22850d_o11 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманис­тон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҷаласа, ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманис­тон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ширкат варзиданд.

Ҷаласа бо нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо идома ёфт. Дар кори он масъалаҳои ҳамкории кишварҳо, натиҷаи раёсати Туркманистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии ҳамкорӣ, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2020, дигар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби узвият дар Иттиҳод ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзо дар ҳама соҳа мебошад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки қабули қарорҳои имрӯза оид ба ­масъалаҳои рушди босамари ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида мусоидат менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба равандҳои рушди вазъияти байналмилалӣ зуҳуроти баланд шудани сатҳи таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятӣ хос аст. Дар чунин шароит, таъмини муваффақонаи манфиатҳои умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки иҷрои пайгиронаи қарорҳои қаблан қабулшуда дар соҳаҳои дахлдор аҳамияти бузург дорад ва бояд онро минбаъд низ идома диҳем.

Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор ва дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ Изҳорот қабул намуд.

Ҳамчунин, қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муваффақонаи Туркманистонро дар садорати Иттиҳод таъкид ва ҷониби Ӯзбекистонро ба муносибати гузаштани раисӣ ба он дар соли оянда табрику муборакбод намуда, ба Сарвари ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар иҷрои вазифаи сермасъули раисӣ барори кор орзу карданд.

Кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон натиҷагирӣ карда шуд.

www.president.tj