Соли 2010 зимни сафари корӣ ба ВМКБ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, мактаби замонавиро мавриди истифода қарор доданд ва дар саҳни муассиса бо мардуми минтақаи Ванҷи Боло мулоқоти самимӣ доир намуданд. Зимни он сокини деҳаи Потов мактуби мӯйсафеди 90 — солаеро манзури Президенти мамлакат намуд, ки дар он қайд гардида буд: «Ҷаноби Олӣ, орзу доштам боре Шуморо аз наздик бинам. Ин орзуи ман имрӯз амалӣ мешуд, аммо аз сабаби набудани пул аз болои дарё натавонистам, ки ба дидори Шумо мушарраф гардам».
Пас аз мутолиаи мактуб Роҳбари давлат барои сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷоб ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд. Баъд аз омодасозии лоиҳа соли 2011 сохтмон оғоз гардид. Сохтмони онро ҶДММ «Сафарӣ – 2» ба уҳда дошт. Мардум гумон доштанд бунёди пул дар кӯтоҳтарин муддат анҷом меёбаду мушкили мардум, ки зиёда аз 13 километрро тай намуда, ба деҳаи Ҷовидон меомаданд, рафъ мегардад.
Мутаассифона, орзуи деринаи онҳо амалӣ нашуд. ҶДММ «Сафарӣ – 2» дар ҷойи ноқулай сохтмонро оғоз намуд, ки барои ҳифзи чарогоҳи мардум 300 метр соҳилро бояд мустаҳкам мекард, то дар фасли тобистон хатари обхезӣ кам шавад. Аммо пулсозон барои сохтмон маҷрои дарёро танг карда, обхезии тобистонро ба назар нагирифтанд ва дар соҳил низ барои рафъи мушкилӣ истеҳком бунёд накарданд. Ин хунукназарӣ боис шуд, ки соли равон маҷрои об баланд гардида, ними чарогоҳи мардумро хароб кард.
Соли ҷорӣ сохтмони пули нимсохт ба зиммаи ҶДММ «Аҳмадиён» вогузор шуд ва то андозае кор вусъат гирифт.
Мардум умед доранд, ки то охири сол Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони онро ба итмом расонида, соҳилро мустаҳкам месозаду чарогоҳ аз хатари обхезӣ эмин мемонад. Кошкӣ чунин мешуд.
Пайшамбӣ Шоҳзода, «Садои мардум»