Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№124 (4074) 17.10.2019

DSC_6997Шонздаҳуми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019», «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ», «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Япония  оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров масъалаҳои рӯзнома, хоса лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Бо қарори Шӯро масъалаҳои мазкур ҷиҳати пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев