Ғизои солим асоси саломатии инсон, гарави масунияти қавӣ мебошад. Махсусан, барои рушди муътадил ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон витамин ва минералҳо заруранд ва онҳо бояд тавассути ғизо ба организм ворид гарданд. Ҳафтуми июни соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»-ро қабул намуд, ки он баъди ҷонибдорӣ ёфтан аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри расмӣ аз 23 июли соли 2019 мавриди амал қарор гирифт.
Хабарнигори рӯзнома оид ба ҳадафи қабули қонуни мазкур ва муҳтавои он бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ мусоҳиба анҷом дод.
- Мақсад аз қабули қонуни зикршуда дар чист?
- Зиёд шудани истифодаи маводи кимиёӣ дар ҳаёти рӯзмарра, бештар шудани заҳролудшавии табиат, осебпазир гардидани набототу растаниҳо, оби нӯшокию полезӣ, ҳайвонот ва хурӯҷи бемориҳои нави душвортабобат ҷаҳони муосирро ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва амнияти озуқаворӣ ба чораандешӣ водор намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, баҳри андешидани чораҳои саривақтӣ чунин масъалаи муҳимро бо қабул кардани қонуни дахлдор мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, истеҳсолу ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва хусусиятҳои ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквориро танзим менамояд.
- Вазифаҳои он аз чӣ иборат аст?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» қонуни мукаммал буда, принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои алоқаманд ба он, танзим, идоракунӣ ва дастгирии давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, мониторинги бехатарии онро фаро мегирад.
Дар қонуни мазкур, ҳамчунин, шартҳо, талаботи умумӣ ва талабот ба дарёфти сертификатсияву тамғагузорӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусиятҳои истеҳсолу муомилот, санаду ҳуҷҷатгузорӣ, объекту субъектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо дарназардошти нигоҳдорӣ, фурӯш, воридот ва тартиботи маҳдудкунию партовкунии онҳо, хусусият ва тартибу низоми ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орди гандум, шир, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшаванда, шарбат, шаҳди меваву сабзаҷот, нӯшокиҳои мевагию сабзавотӣ, хамирмояи нонпазӣ, йодноккунию ғанигардонии обу нӯшокиҳои ташнашикану намаки ошӣ ва хусусан, маҳсулоти ғизоӣ барои кӯдакон, тавзеҳоти муфассал пайдо кардаанд.
Вазифаҳои қонуни мазкур мусоидат намудан ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати ғизонокӣ босамар ва дорои хусусияти пешгирикунӣ, фароҳам овардани шароит барои бартарафсозии норасоии микронутриентӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, фавти модару кӯдак ва таъмин намудани дарозумрии инсон маҳсуб мешавад.
- Принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ кадомҳоанд?
- Тибқи қонун принсипҳои зерини ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинӣ мешавад:
- мутобиқи меъёр будани мавҷудияти ҷузъҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, раванди (усулҳои) истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифода;
- ҳатмӣ будани риоя ва иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ, регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ), қоидаю меъёрҳои санитарӣ, дастурамалу дастурҳои технологӣ ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- ҳатмӣ будани пешбурди назорати истеҳсолӣ, истифодаи шаклу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи мониторинги ғанигардонӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- таъмини мавҷудияти витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва моддаҳои дигар дар сатҳи на камтар аз меъёри барои муҳлати нигоҳдории маҳсулоти ғанигардонидашуда тавсияшаванда;
- самарабахшии тасдиқгардидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки бехатарии пурра, сифатҳои муносиби таъм, ҳазмшавии хуби онҳо, хусусияти ба таври назаррас беҳтар намудани таъмини ҷисми инсон бо витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигари ба таркиби маҳсулоти ғанигардонидашуда воридгардида ва нишондиҳандаҳои солимии ба моддаҳои мазкур вобастаро нишон медиҳад;
- роҳ надодан ба бадшавии хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- баҳисобгирии эҳтимолияти таъсири мутақобилаи кимиёии иловаҳои ғаникунанда ва ҷузъҳои маҳсулоти ғанигардонидашаванда, муносибӣ, шакл, усулҳо ва марҳилаҳои илова намудани онҳо.
- Сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо кадом роҳ амалӣ карда мешавад?
- Бо роҳи амалӣ намудани чораҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии ба ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида, назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва шароити нигоҳдории он, дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба таъмини кӯдакон ва занони синни қобили таваллуд бо дорувории дорои йод ва оҳан, мониторинги самарабахшии чорабиниҳо оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, ҳамчунин, такмили низоми иттилоотию таҳлилӣ ва омории бақайдгирӣ дар самти пешгирию табобати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он.
- Ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда кадомҳоянд?
- Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, муқаррар намудани талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъёр ва сатҳи тавсияшавандаи ингридиентҳо дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тасдиқ намудани номгӯйи бемориҳои ба норасоии микронутриентӣ вобаста, номгӯйи витаминҳо, минералҳо, омехтаю моддаҳои витаминию минералӣ ва минералӣ, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, номгӯйи минералу моддаҳое, ки истифодаи онҳо ҳангоми ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ манъ аст ва тасдиқи тартиби анҷом додани тадқиқоти озмоишгоҳӣ бо мақсади арзёбии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд.
Ҳамчунин, гузаронидани мониторинги сифат, истеҳсол, нигоҳдорӣ, воридот ва фурӯши намаки йодноккардашуда ва маҳсулоти ғизоӣ, анҷом додани корҳои санитарию эпидемиологӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ, ташкилу гузаронидани чорабиниҳо оид ба огоҳкунии аҳолӣ дар хусуси хавфу оқибатҳои бемориҳои вобаста ба норасоии витамину микроэлементҳо дар маводи ғизоӣ ва зарурати истеъмол намудани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тасдиқ намудани талаботи санитарию гигиенӣ барои объектҳое, ки истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо амалӣ менамоянд, гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва як қатор ваколатҳои дигар низ ба зиммаи он гузошта шудаанд.
- Самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, дастгирии давлатии таъмини аҳолӣ бо ин навъи маҳсулот, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он кадоманд?
- Пеш аз ҳама, муқаррар намудани номгӯйи маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳатман ғанӣ гардонида мешаванд, таъмини истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, таъмини мувозинати содироту воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, хариди давлатии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо мақсади ташаккул, навкунӣ ва пурра намудани захираҳои дахлдори давлатӣ ва мониторинги мунтазами вазъи бозори маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда аз ҷумлаи самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда мебошанд.
Ба самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ бошад, амалисозии чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигари ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида, танзими меъёрии техникии ғанигардонии орди гандум ва маҳсулоти ғизоии дигар бо витаминҳои дорои оҳан, минералҳо ва моддаҳои дигар, аз ҷумла, йодноккунии намаки ошӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмин, риоя ва иҷрои талабот нисбат ба муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла, таъмини шахсони дорои норасоии микронутриентӣ бо дорувории йод ва оҳандошта, таъмини дастрасии кумаки тиббӣ ба шахсони мубталои бемориҳои норасоии йод ва оҳан дар ташкилотҳои тандурустӣ, таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида ва як қатор чорабиниҳои дигарро мансуб донистан мумкин аст.
- Шартҳо ва талаботи умумӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда чӣ гунаанд?
- Ҳангоми ғанигардонии маҳсулоти озуқаворӣ бо микронутриентҳо бояд имконияти таъсири ҳамдигарии химиявии иловаҳоро байни ҳамдигар бо унсурҳои маҳсулоти ғанигардонидашуда ба назар гирифт. Чунин таносуб, шакл, усул ва марҳилаҳои қулайи воридкунии онҳоро интихоб бояд намуд, ки дар раванди истеҳсолот миқдори лозимии онҳо боқӣ монад. Масалан, орд ва нонро бояд бо витаминҳои гурӯҳи В ғанӣ гардонид, ки онҳо ба баландшавии ҳарорат устувор мебошанд. Аммо витамини С барои ғанигардонӣ истифода намешавад, чунки бо қобилияти пасти устуворнокиаш ба таъсири ҳарорати баланд фарқ мекунад. Воридкунии витамини С аҳамияти технологӣ дорад: кислотаи аскорбинӣ расидани ордро метезонад ва хусусиятҳои нонпазии онро беҳтар менамояд. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо маводи махсуси маъдании барои организми одам мувофиқ, ки дорои қобилияти баланди нигоҳдорӣ ва бо дигар маводи таркиби маҳсулоти ғанигардонидашуда ба реаксия дохил шуданро надоранд, ба вуҷуд оварда шуданд. Бо истифодаи маводи номбурда омехтаҳои тайёри витамину минералҳо, ба истилоҳ премиксҳо, барои ғанигардонии бевоситаи маҳсулоти мушаххаси озуқаворӣ коркард ва истеҳсол карда мешавад.
- Намуди маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда кадомҳоянд?
- Ба чунин маҳсулот орд ва маҳсулоти нонӣ, ширу маҳсулоти аз шир тайёршуда, намак, шакар, нӯшокиҳо, маҳсулоти ғизоии кӯдакона дохил мешавад. Ғанигардонии гурӯҳҳои алоҳидаи маҳсулот, ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби кӯдакон бисёртар истеъмол мешаванд, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»