Ё бепарвоию саҳлангории масъулони соҳа то ба кай?
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар 28 соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд. Қабули «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2010» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 194 аз 6 апрели соли 2007), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 — 2014», «Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 625 аз 6 декабри соли 2010) ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 793 аз 30 декабри соли 2015) далели гуфтаҳои болоанд.
Бо вуҷуди тадбирандешиҳо, ки ба ривоҷу равнақи соҳаи боғу токпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нигаронида шудааст, мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо соҳаи боғу токпарварӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, боғҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, чунин муносибати хунукназарона дар ноҳияи Файзобод мушоҳида мегардад.
Ин дар ҳолест, ки иқлими ноҳия ба соҳаи боғдорӣ, аз ҷумла, парвариши себу нок басо мусоид аст. Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати кишоварзии ноҳия, солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати умумии боғҳо зиёда аз 5700 гектарро ташкил медиҳад, вале на дар ҳама қитъае, ки боғ бунёд шудааст, нигоҳубин ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Агарчӣ баъди қабули барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 ва 2016- 2020 дар кишвар бунёди боғҳо ва нигоҳубини онҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, масъулон ва роҳбарони баъзе аз хоҷагиҳои боғпарварии Файзобод дар ин самт ба бепарвоӣ роҳ доданд.
Даҳуми апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушбоду ҳавои «Дашти Марзо»-и деҳоти «Қалъаи Дашт» бо шинонидани аввалин ниҳол ба бунёди боғи намунавии себу нок дар майдони 120 гектар оғоз бахшиданд. Тибқи тахминҳо, ба бунёд ва нигоҳубини он бояд 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешуд. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна ба ҳар яки он 2 гектарӣ замин рост меомад. Ин имкон медод, ки беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин шавад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур доданд, ки дар ноҳия минбаъд дар масоҳати 4 ҳазор гектар боғҳои намунавӣ барои истеҳсоли меваҳои содиротӣ бунёд намоянд.
Аз оғози бунёди боғи намунавӣ дар «Дашти Марзо» панҷ сол сипарӣ гардид. Алҳол он дар кадом ҳол қарор дорад? Ҳар роҳгузаре, ки аз паҳлуи он гузар мекунад (он дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат — Рашт — Ҷиргатол воқеъ аст) дар ҳайрат мемонад. Зеро, на боғи намунавӣ, балки як майдони харобазорро мебинад. Танҳо дар як қисмати он дарахтони себу нок нашъунамо ёфта истоданд, ки ҳанӯз ба ҳосил надаромадаанд. Дарахтони қисмати дигари заминҳои боғ пурра хушкидаанд. Мутасаддиён ба ҷойи ниҳол шинондан, кишти сабзавот ва алафро ба роҳ мондаанд.
Хеле мехостем, ки бо шахсони масъул рӯ ба рӯ шуда, сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани боғи намунавиро пурсон шавем. Аммо на ҳамаи онҳоро пайдо кардем. Қабл аз ҳама, ба роҳбарияти деҳоти «Қалъаи Дашт» муроҷиат кардем ва онҳо моро то боғ роҳбаладӣ карданд. Ҳамсуҳбати аввали мо Ҷӯра Давронов, раиси хоҷагии деҳқонии «Дашти Марзо» гуфт, ки барои бунёди боғ ба 40 нафар сокини деҳоти «Қалъаи Дашт» аз 0,5 га то 4-5 га замин тақсим шудааст. Мебоист, дар боғи намунавӣ ниҳолҳои дарахтони себи навъҳои «Стар кримсон», «Семиренко», «Голден делишес» ва нок шинонида мешуд. Дар ҳар гектар замин шинонидани 144 бех ниҳол пешбинӣ мегардид, яъне, дар маҷмӯъ, бояд 17 ҳазору 280 бех ниҳоли мевадиҳанда мешинониданд. Вале, афсӯс, ки бо сабаби рафтори хунукназаронаи соҳибони қитъаҳои замин дар панҷ сол нақшаи тарҳрезишуда ҳатто 50 фоиз ҳам иҷро нашудааст. Дар қисмате, ки боғдорон меҳнат мекунанд, нашъунамои дарахтон хуб аст. Вале қисмати дигари боғ, ки заминҳо холӣ мондаву ба харобазор табдил ёфтаанд, «боғдорон» заминро ба манфиат ва барои чорвояшон истифода мебаранд.
- Баъзеи онҳо бо баҳонаи беобӣ ҳатто заминро ба ҳоли худ гузоштаанд, — мегӯяд Ҷӯра Давронов.
Мо қитъаҳои «боғи намунавӣ»-и «Дашти Марзо»- ро аз назар гузарондем. Дар баъзе аз онҳо ниҳолҳои сабзида ҳосили чашмрас надоштанд. Раиси хоҷагӣ сабаби камҳосилиро аз баландшавии обҳои зеризаминӣ ва хушкшавии ниҳолҳоро аз камии об маънидод кард. Вале дар асл ин баҳонае беш нест. Дар рафти суҳбат ӯ гуфт, ки дар қитъаҳои ба Наҷмиддин Носиров, Раҳматулло Солеҳов, Дилшод Ҳалимов, Ашурбек Раҳимов, Раҷабалӣ Солеҳов, Ҳамид Зиёев ва Одина Бобоёров ҷудошуда, ки аз як то ду гектарӣ заминро ташкил медиҳанд, нигоҳубини ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо дар асл, тавре мушоҳида кардем, дарахтони боғи саҳмдорони номбурда чандон нашъунамои хуб надоранд. Боғҳо ба талаботи боғдорӣ ҳам ҷавобгӯ нестанд. Агар 120 гектар замини майдони боғи намунавиро ба мушоҳида гирем, хоҳем дид, ки дарахтон аз ҳамдигар дар масофаи 20 — 30 метр, ҳатто то 50 — 60 метр дур ҷойгиранд. Ба ҷойи дарахтони хушкшуда, ниҳолҳои нав нашинондаанд ва ҳатто дар фикраш нестанд.
Ҷӯра Давронов сабаби қитъаҳои ниҳолҳояшон хушкидаву ба биёбон табдилёфтаро аз беҳавсалагии саҳмдорон медонад. Зиёданд нафароне, ки ба кори деҳқонӣ ҷиддӣ рафтор намекунанд. Масалан, саҳмдор Саидмурод Солеҳов, ки соли аввали бунёди боғ ниҳолҳои шинондааш хушк шуданд, заминашро ба шахси дигар фурӯхт. Вале, баъд пушаймон шуда, онро баргардонда гирифта бошад ҳам, боғ бунёд накард. Акнун вай аз алафҳои рӯида истифода мекунаду халос, — гуфт ӯ.
Дар байни қатори дарахтон ҳар гуна алафу зироат кишт кардаанд, ки тибқи талаботи соҳаи боғдорӣ қатъиян манъ аст. Байни қаторҳои дарахтон бояд шудгори чортарафа гузаронида шавад. Саҳмдороне, ки талаботи қоидаҳои агротехникиро риоя кардаанд, дарахтони боғҳояшон ба ҳосил даромадаанд.
Роҷеъ ба вазъи ногувори «Дашти Марзо» дар нишасти матбуотӣ (зимни ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон) дар ноҳия аз тарафи хабарнигорони воситаҳои ахбори омма суол дода шуд, вале раиси ноҳия ва дигар масъулон бо ҳар баҳона аз ҷавоб додан канораҷӯйӣ карданд. Онҳо ба суоли «дар панҷ сол чанд гектар боғи намунавӣ бунёд ёфтааст», ҷавоби аниқ дода натавонистанд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Эмомиддин Насриддинзода иброз дошт, ки соли аввали бунёди боғ дар 120 гектар майдони нақшавӣ пурра ниҳоли дарахтони себу нок шинонида шуданд ва онҳо таҳти назорат қарор доштанду доранд. Ҷавобгарии боғ ба дӯши роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Дашт» мебошад, чунки хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди он ба қайд гирифта шудаанд ва бояд фаъолияти боғҳоро зери назорат қарор медод, зеро онҳое, ки боғ бунёд карданд, дар даст ҳуҷҷати заминистифодабарии меросӣ доранд, саҳмдор нестанд. Ба ҳар хоҷагидор 3 — 4 ҳатто то 6 гектар замин вобаста шудааст. Роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Дашт» бояд дар ин маврид чораандешӣ менамуданд ва ба Кумитаи идораи замини ноҳия нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ санад пешниҳод мекарданд. Он вақт Кумитаи идораи замин ба суди ноҳия ҳуҷҷат пешниҳод намуда, хоҷагиҳои ба саҳлангорӣ роҳдодаро ҷарима ва фаъолияташонро қатъ мекард. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Эмомалӣ Ҷомаҳмадов қайд кард, ки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз бепарвоӣ чорвояшонро ба замини боғ дароварда мечаронанд. Аз ин хотир, аз тарафи шуъбаи мо нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шуд.
Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Нусратулло Саидмуродзода изҳор намуд, ки то бунёди боғ дар деҳаи «Дашти Марзо» бо кумаку маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия панҷ ҳазор метр заҳбуру заҳкашҳои атрофи онро тоза ва аз нав барқарор карда, ба истифода додаанд. Баъди оғози бунёди боғ замини ҷудошуда ба 60 хоҷагии деҳқонии навтаъсис тақсим карда шуд. Хоҷагиҳо мебоист заҳбуру заҳкашҳоеро, ки дар назди заминашон воқеъ аст, нигоҳубин мекарданд.
Агар онҳо бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ шартнома мебастанд ва маблағи корҳои тозагардонии заҳбурҳои назди хоҷагиашонро пардохт менамуданд, корхонаи мо онҳоро сари вақт тоза мекард. Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ бо 45 нафар хоҷагидор, ки дар 65 гектар замини мавзеи «Дашти Марзо» фаъолият мекунанд, шартнома дорад. Дар қисмати поёнии боғ, ки 55 гектарро ташкил медиҳад, хоҷагидорон аз ҳисоби обҳое, ки аз заҳбуру заҳкашҳо мебароянд, заминҳояшонро обёрӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, аз суҳбат бо мутасаддиёни соҳа ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хулоса омадем, ки боғи «Дашти Марзо» ба боди фаромӯшӣ рафтааст. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии масъули боғҳо бошанд, аз бепарвоию саҳлангории ниҳодҳои мутасаддӣ суиистифода намуда, заминҳоро ба самти дигари кишоварзӣ равона кардаанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар панҷ сол ниҳодҳои масъул боре ҳам дар ин самт корҳои назоратӣ набурдаанд. Роҳбарони идораву корхонаҳое, ки дар боло зикр кардем, фикру андешаашонро нисбат ба ҳолати ҳузнангезу ногувори боғи намунавии «Дашти Марзо» гуфтанд, вале нафаре аз онҳо (ба ғайр аз сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ Саидмуродзода Нусратулло) ҳуҷҷати тасдиқкунандае пешниҳод карда натавонист.
Магар масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳамин аст?
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»