Балҷувон. Бунёди 375 иншоот ба нақша гирифта шудааст

№126 (4076) 22.10.2019

davБалҷувон аз ноҳияҳои зебоманзари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои охир дар ноҳия бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар як қатор иншооти наву замонавӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ба ҳусни он таровати дигар бахшиданд. Дар ин робита бо раиси ноҳия Маърифат Зоирзода суҳбате оростем.

- Соли равон сокинони ноҳия ба кадом дастовардҳо ноил гардиданд?

- Соли ҷорӣ меҳнаткашон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амал намуда, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияро, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ҳашт моҳ ба андозаи 214 ва қисми хароҷотро 100 фоиз таъмин намуданд.

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017 – 2020», дар маҷмӯъ, 74 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи он 194 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Ба таърихи 1 — уми сен­тябри соли ҷорӣ 22 лоиҳа ба маблағи 77 миллиону 552 ҳазор сомонӣ ба иҷро расид. Дар ин муҳлат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 117 миллиону 551 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 723 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли гӯшт — 2193,2 тонна, шир — 1229 тонна, тухм — 703 ҳазору 900 дона, пашм – 55,8 тонна, пилла — 1 тонна ва асал — 28, 3 тоннаро ташкил намуд. Сокинони ноҳия дар самти бунёд ва барқароркунии боғҳо низ саҳми арзанда доранд. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар майдони 58,0 гектар боғҳои нав бунёд ва дар 14,2 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд.

- Дар самти саноатикунонӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

-  Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон як қатор корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки айни замон дар онҳо шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Корхонаҳои нефту газ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, коркарди сангҳои маҳаллӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ аз ҳамин зумраанд. Дар давоми ҳашт моҳ се корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо 71 сокини маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин гардиданд. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ боз чор корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад, ки дар рушди соҳаи саноат саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

- Вазъи муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна аст?

- Соҳаи маориф, ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ, ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор дорад. Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ имрӯз ба ­масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон диққати хоса зоҳир мекунанд. Ҳоло дар ноҳия 46 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 7 ҳазору 54 хонанда, як интернати вилоятии наздимактабӣ, ду боғчаи кӯдакон бо фарогирии 150 кӯдак ва як гимназияи давлатӣ амал мекунанд.

- Дар самти татбиқи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чӣ тадбирҳо андешида шуда истодаанд?

- Дар робита ба ин масъала бояд қайд кард, ки аз 375 иншооти банақшагирифта, бунёди 80 фоизи он дар деҳот пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи пурра мавриди амал қарор гирифтани онҳо рушди инфрасохтори деҳот таъмин хоҳад шуд, ки ба беҳтаршавии сатҳи рӯзгори сокинон мусоидат менамояд. Балҷувон дорои имкониятҳои хуби сайёҳӣ мебошад. Дар ҳашт моҳ аз мавзеъҳои тамошобоби он 214 сайёҳ дидан намудааст. Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон айни замон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ се меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити мувофиқ сохта шуда истодааст.

- Тибқи нақша ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ боз бунёди кадом иншоот дар назар аст?

- Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП — 1059 барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қарори раиси ноҳия қабул ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

То соли 2021 бунёди 375 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 42 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Барои сохтмони иншооти нақшавӣ 26 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сармояи хусусӣ ҷалб гардидааст. Ҳамчунин, соли ҷорӣ бунёди 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ, то соли 2021 дар Балҷувон бунёди  35 муассисаи таълимӣ, ҳашт кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, се толори варзишӣ, ду беморхона, 20 бунгоҳи тиббӣ, ду маркази тиббӣ, ду дорухона, се нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, як кошонаи ҳусн, 15 ҳаммом, як корхонаи коркарди шир, се дӯкони ҳунарҳои мардумӣ, се адад пул ва таъмиру барқарорсозии 338 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Мусоҳиб Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»