Ва ин бояд дар қонун дарҷ шавад
Ҳар амали кӯчаку бузург ва неку бад мукофоту ҷазо дорад. Таърих таҳрифро намепарастад ва оқибат ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Дар саҳифаҳои рангину хунини таърихи миллати тоҷик ин маънӣ равшан ифода ёфтааст, ки тоҷик дар ҷаҳон яке аз миллатҳои қадимтарин аст. Ин нукта ба аҳли илму фарҳанг ва ҳақиқатдӯсту ҳақгӯи кишварҳои дигар ҳам маълум аст ва онҳо дар осори илмӣ яке аз миллатҳои қадимтарин ва соҳибдавлат будани тоҷиконро тасдиқ намудаанд.
Ниёконамон ҳанӯз дар асрҳои пеш аз мелод соҳиби давлат буданд. Давраи тиллоии давлатдориро дар асри X — замони салтанати Сомониён аз сар гузаронида, соли 999 аз тоҷу тахт маҳрум шуданд. Ба шарофату баракати Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандона, ватанпарастона, фарҳангпарварона ва инсондӯстона имрӯз бо эҳтиром ба гузаштаи дуру наздик нигоҳи ибратбин афканда, бо меҳру муҳаббат онҳоро ёдоварӣ ва қадршиносӣ мекунем. Гуфтаанд, ки агар гузаштаро бо ангушт кӯбӣ, оянда ба сӯят мушт ва лагад ҳаво медиҳанд, агар ба гузашта аз камон тир андозӣ, оянда ба ту аз тӯп тир холӣ хоҳанд кард. Ин суханон дар асоси таҷрибаи ҳаёт ва воқеоту ҳаводиси таърих гуфта шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад». Аҳли ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон гузаштаи дуру наздик, ҳаёту фаъолият ва хизматҳои фарзандони вафодори миллатро бояд ба хубӣ донанд, ба қадрашон расанд, омӯзанд ва омӯзонанд. Бояд донанд, ки ба рӯзгори шукуфон бо чӣ гуна ҷонбозӣ ва интизорӣ расидем ва минбаъд барои ҳифзу ҳимояи манфиат пиндору гуфтору рафторамон чӣ гуна бошад. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва ин санаи муборак бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърих сабт гардидааст. Аз рӯзҳои нахустин фарзандони сарсупурда барои ҳифзу нигаҳдошти ин неъмат ҷонбозӣ карданд, аммо бо фитнаи дасисабозон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки метавонист истиқлолиятро барҳам диҳад. Алангаи ҷанг дилҳо ва манзилҳоро сӯзонд, даҳшаташ миллатро паҳну парешон кард ва давлатро қариб ба нестӣ расонд. Эҳтимол буд, ки ҷанги дохилӣ мисли даргириҳои мамлакати ҳамсоя дурудароз идома ёбад ва алангаи он Осиёи Марказиро фаро гирад. Аҳли ҷомеа ба оянда ноумед буданд.
Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ба дилҳои мардум рӯшноии умед дамид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, бо азму иродаи неку қавӣ гуфт, ки сулҳ меорад, гурезаҳоро бармегардонад.
Айни замон тоҷикистониён соҳиби давлати тинҷу ором ва рушдёбандаву сабзу хурраманд. Ин ҳама комёбию сарбаландӣ бо баракати хизмати софдилонаю садоқатмандонаи фарзандони фарзонаи миллат насиб гардидааст.
Камина омӯзгорам, фанни таърихро ба наврасон меомӯзонам, дар баробари ин пайваста меомӯзам ва хуб медонам, ки нақши шахс дар таърих бузург аст ва дар осори мутафаккирони барҷаста ифода ёфтааст, ки ҳар сарвар бо орзую ният, марому мақсад ва азму иродаю ҳиммату ғайрат роҳбарӣ мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуда, дар муддати барои таърих кӯтоҳ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд. Ҳар нафари аз гузашта бохабар медонад, ки тоҷикистониён айни замон дар давлате умр ба сар бурда истодаанд, ки дар фазояш сулҳу ваҳдат ҳукмфармосту созандагию бунёдкорӣ идома дорад ва минбаъд бояд зиндагӣ боз ҳам беҳтар шавад. Тавре мегӯянд: агар нон бошад, суруд ҳам мешавад. Баъзеҳо зиндагии даврони шӯравиро таъриф мекунанд. Бад набуд. Он давлат аз ҳафтод сол зиёдтар арзи ҳастӣ дошт, ки бештари он бо инқилоб, мубориза бо аксулинқилобчиҳо, бо фашистон ва барқарорсозии пасазҷангӣ сарф шуд. Ҳамагӣ бист сол, аз 1970 то 1990, тинҷию оромию серию пурӣ буд. Айни замон тоҷикон зиндагии шоиста доранд ва аксарият мехоҳанд, ки дар дунё сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошаду Ватан беш аз пеш тараққӣ кунад ва аҳолиаш бо хотири ҷамъ саодатмандона умр ба сар баранд. Барои ба ин муваффақ шудан чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, бояд марду зан, пиру ҷавон ватандӯст бошанд. Агар одам Ватанашро дӯст дорад, ба хотири он ҳамватанашро низ ҳурмату эҳтиром мекунад ва азизу гиромӣ медорад. Дар ин ҳолат ҳамфикрӣ ба миён меояд, муттаҳидӣ барқарор ва устувор мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатанд ва ин дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016 тасдиқ ёфтааст. Дар моддаи 2 — юми қонуни мазкур сабт шудааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихи миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат будан, Асосгузори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқуқбунёди Тоҷикистон низ мебошанд ва инро бояд ба таври қонунӣ эътироф намоем. Ин фикру хулосаи танҳо камина нест. Ҳатто хонандагон дар дарсҳо савол мегузоранд, ки ҳар як давлат асосгузор дорад, асосгузори давлати навин — давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон кист? Посухи банда чунин аст: Эмомалӣ Раҳмон. Чунки таҳияву қабули Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, сохти давлатдорӣ, сохтори парлумон, ҳалли масъалаҳои бузурги сиёсати дохиливу хориҷӣ ва мутамарказонидани давлат — ҳама таҳти сарварии ин фарзанди барӯманди миллати тоҷик сурат гирифтаанд. Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аввалин маротиба дар таърихи тоҷикон аз минбари баланди СММ аз номи Тоҷикистон сухан гуфтанд. Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ забони ширину гуворои тоҷикӣ садо дод ва садо дода истодааст. Ин мисолҳо қатрае аз баҳранд ва тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфтаанд: «Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос мекунад, ки бидуни муболиға ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем». Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки моддаи 2-юми қонуни мазкур ба мазмуни зер пурра карда шавад: «Асосгузори давлат ва сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат».
Фаромӯш набояд кард, ки таърих одамонеро бузург медонад, ки барои манфиати умум меҳнат карда, ба одамон хушбахтӣ меоранд.
Субҳон ЁДГОРӢ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон