Мулоқотҳои аввалини раиси нави вилоят
КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум» ) Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов вохӯрии нахустини хешро дар ин вазифа бо фаъолони шаҳру ноҳияи Кӯлоб доир намуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар хусуси вазъи мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳисобот дод.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов вобаста ба як қатор нуктаҳои ҳисоботи раиси шаҳр, аз қабили афзудани бақияпулиҳову ҳолати ҷамъоварии андоз ва дарёфт намудани сарчашмаҳои нави он, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, беэътиборӣ нисбати хатмкунандагони мактабҳо ва тарбияи фарзандон, дигар масъалаҳои ҳалталаби дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҷойдошта, муфассал ибрози назар кард.
Баъдан миёни Давлатшо Гулмаҳмадов ва иштирокчиёни вохӯрӣ суҳбати ошкоро доир гардид. Давлатшо Гулмаҳмадов давоми ду рӯз ҳамчунин бо фаъолони ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Шӯрообод ва Восеъ мулоқот намуд.
Соҳаи моҳипарварӣ рушд меёбад
ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Ба иттилои КВД «Моҳии Тоҷикистон», алҳол дар қаламрави кишвар 178 адад хоҷагии моҳипарварӣ бо майдони умумии 25861,01 гектар ва майдони ҳавзҳо 2720,19 гектар фаъолият доранд. Тибқи маълумоти оморӣ, то аввалҳои моҳи декабри соли 2013 хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ ба миқдори 810,8 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 297 тонна зиёд мебошад.
Маҳсулоти ширӣ кам намешавад
ЁВОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҷамъияти саҳомии «Баракати Ёвон» 413 сар навъи зотии чорвои ширдеҳ парвариш меёбад. Бо мақсади дар давраи зимистон кам нагардидани маҳсулнокии чорво саҳмдорони ҷамъият захираи зарурии хӯрокаро омода карданд. Бо ин мақсад соли ҷорӣ дар 570 гектар замин навъҳои гуногуни зироатҳои хӯроки чорво парвариш намуданд. Ҳамчунин барои аз зимистон солим баромадани чорво 100 гектар замини дигарро ба иҷора гирифта, дар он низ зироатҳои гуногуни хӯроки чорво кишт карданд. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки дар фасли зимистон чорво бо хӯроки серғизо таъмин мебошад.
Маҳсули ранҷи чорводорон самараи хуб медиҳад ва нишондиҳандаҳои онҳо ҳоло дар вилоят беҳтарин ба ҳисоб меравад. Маҳсулнокии баланди чорво имкон додааст, ки саҳмдорони ҷамъият бо маоши хуб таъмин гарданд.
Ба мактаби нав кӯчиданд
РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА,«Садои мардум») Дар арафаи фасли сармо мактаббачаҳои деҳаҳои Абдулбобиён, Холипарак ва Лиҷаки Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ба таълимгоҳи нав кӯчиданд. То ин дам дар ин деҳаҳо танҳо мактаби ибтидоӣ мавҷуд буд ва хонандагон барои идомаи таҳсил роҳи дуру дарозро тай карда, ба деҳаи Қандак мерафтанд.
-Мушкилоти мавҷударо ба назар гирифта, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони таълимгоҳи навро ба роҳ монд. Акнун то синфи нуҳ хонандагони деҳаҳои номбурда дар мактаби нави дорои шароити хуб таҳсил мекунанд. Таҳсил дар ду баст сурат мегирад. Дар ин ҷо, чун дар дигар таълимгоҳҳо, барои зимистон ҳезум ва сӯзишворӣ захира шудааст,- гуфт ба хабарнигорамон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун А. Ҷойлобов.
Бинои иловагии таълим
КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-уми шаҳри Конибодом соҳиби бинои нави иловагӣ гаштанд, ки он барои 210 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба гуфтаи корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Солеҳаҷон Ваҳҳобова, сохтмони он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кӯшишу эҳтимоми бинокорони дастаи сайёри механиконидашудаи рақами 31-уми шаҳр сурат гирифт.
Донишвари умедбахш
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо иштироки хонандагони зинаи аввали таҳсил даври вилоятии озмуни «Донишвари умедбахш» барпо гардид. Дар он толибилмони синфҳои 2 то 4-уми мактабҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Озмун дар Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси маркази вилоят доир гардид. Беш аз 50 нафар ғолибони даври шаҳрию ноҳиявии озмун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бо мақсади шаффоф гузаронидани озмун ҳайати доварон аз байни беҳтарин омӯзгорони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят интихоб гардида буданд. Бо гирифтани 140 холӣ хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ғолиб дониста шуданд.
Ба ғолибон ифтихорномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Устодоне, ки шогирдонашон ғолиби озмун дониста шуданд, ба гирифтани унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардиданд.
Осорхонаи ба номи Ҷаббор Расулов
ХУҶАНД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Тибқи Қарори комиҷроияи шаҳри Хуҷанд аз 2-юми июни соли 1982 ва дар асоси Қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистон ба мактаби миёнаи №22-юми шаҳр номи фарзанди арзандаи халқи тоҷик Ҷаббор Расулов гузошта шуда буд. Барои абадӣ гардонидани хотираи неки ӯ маъмурияти мактаб осорхона ташкил намуда, бо кӯмаки наздикон, дӯстон ва хешу табори ин абармард маводи гуногунро ҷамъ оварданд. Дар кори ҷамъоварӣ ва ба маърази тамошо қарор додани ин маводу нигораҳо саҳми муаллимони пуртаҷрибаи дабистон М. Юсуфова ва С. Ҳайдарова калон аст.
Мактабиён аз тамошои маводҳо ва нигораҳои дар осорхона гузошта баҳраи тарбиявӣ мебардоранд. Шояд аз байни онҳо низ дар оянда чунин фарзандони фарзонаи миллат ба камол расанд.
Мусобиқаи каратэчиён дар Дубай
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 28 ноябр то 6 декабри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба каратэ-до баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз 36 давлати Осиё беш аз 1000 нафар варишгар ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро даҳ нафар варзишгар дар вазнҳои гуногун намояндагӣ карданд. Дар ин мусобиқа Шероз Икромов дар вазни 70 кг бомуваффақият баромад карда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар ин бора ба мо сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Набиев иттилоъ дод.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91