Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» доир шуд.
Директори марказ Диловар Қодирзода зикр намуд, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои рушди деҳот шароити муносиб фароҳам овардааст.
- Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар, бахусус, рушди босуботи минтақаҳои он, пайваста табдирҳои мушаххас меандешад. Дар ин самт бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, қонунгузории соҳа ва мутобиқгардонии иқтисодии кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ як силсила стратегия ва барномаҳои давлатӣ амалӣ гашта истодаанд, — гуфт номбурда.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шамшерзод иброз дошт, ки мақсади Ҳукумати мамлакат аз ин иқдом расидан ба рушди босубот ва таъмини некуаҳволии мардум аст.
Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар мавзӯи «Имкониятҳо ва заминаҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2018 соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Илова бар ин, мақоми ваколатдори соҳа — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва заминаи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардонида шуд, — гуфт ӯ.
Дар конфронс, инчунин, Солор Салоҳиддинов — муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди деҳот: дастовардҳо ва банақшагирии стратегӣ дар даврони истиқлолият», Абдурауф Ҷӯраев — мушовири раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи «Муколамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ — замина баҳри рушди иқтисодиёт дар минтақаҳо», Ҷалил Пиризода — директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иқтисодиёти кишоварзӣ: дастовардҳо ва самтҳои стратегии рушд дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории кишвар», Аброр Мирсаидов — муовини директор оид ба илми Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои ниҳодии рушди индустриалии деҳот», Умед Давлатов — сардори Раёсати таҳлил ва масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди иқтисодиёти деҳот яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ» ва Ҳасан Асоев — сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии маркази мазкур дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»