Соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мегардад

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

ОМОР (1)25 октябри соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Рафти корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» доир гардид.

Директори агентӣ Гулнора Ҳасанзода иброз дошт, ки новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2000- ум  бори аввал барӯйхатгирии аҳолӣ ва соли 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор шуд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2020» ин маърака аз 1 то 15-уми  октябр гузаронида мешавад. Зимни барӯйхатгирии аҳолӣ Агентии омор тасмим гирифтааст, ки аз се усул — пур кардани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ, истифода аз планшет ва усули анъанавии пур кардани  саволномаҳо дар варақаҳо истифода намояд. Ҳоло агентӣ «Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти тавсияҳо омода намудаст. Айни замон тайёр намудани дастурамал дар бораи тартиби гузаронидани ин чорабинӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки маблағгузории асосӣ аз ҳисоби буҷети давлат сурат мегирад. Соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 корманди барӯйхатгирии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ — Хуҷанди вилояти Суғд, Бохтари вилояти Хатлон, Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Турсунзода дарсҳои омӯзишӣ ташкил шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии молиявии хазинаи зикршуда ва кумаки техникии Агентии омор, дастурдиҳӣ дар мавзӯи «ҷамъоварии маълумот бо истифода аз таҷҳизоти мобилӣ  барои кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд. Барои ҷалби сармояи шарикони рушд ба ин маъракаи муҳим вохӯрӣ бо намояндагони Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо, Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид. Айни замон барои  фаҳмонидани аҳамияти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҳамчун муҳимтарин маъракаи оморие, ки ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад, чораҷӯиҳо идома доранд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси СММ омода намудани маводи таблиғотӣ, аз ҷумла, бо истифода  аз радио ва телевизион, тақвимҳои рӯимизӣ, деворӣ ва кисагӣ рафта истодаанд, ки шурӯъ аз декабри соли равон пешниҳод ва дастраси ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ мегарданд.

- Барои дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мо — кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморем, ки  ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра вусъат бахшида, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои барӯйхатгирӣ сари вақт таъмин намоем, — зикр кард Гулнора Ҳасанзода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»