29- 30-юми ноябри соли ҷорӣ вазъият дар шаҳри Хоруғ майл ба ҷониби ташаннуҷ дошт, вале ба мақомоти салоҳиятдор ва ҳокимияти маҳаллии давлатӣ муяссар гашт, ки сари вақт онро ба эътидол оранд. Сарчашмаи эҷоду таҳрикдиҳандаи нооромӣ боз гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ буданд. Аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шудани шахси гумонбаршударо дар қочоқи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ ҷинояткорон тариқи овозаҳо таҳриф намуда, қисмате аз сокинони шаҳри Хоруғро ба иқдомоти ғайриқонунӣ – эътироз алайҳи сохторҳои давлатӣ шӯронданӣ шуданд. Аз ҷониби рӯзноманигорони алоҳида қазия ба таври муғризона дар воситаҳои ахбори омма шарҳ дода шуд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба воқеаи мазкур суҳбате доштем бо сокини шаҳри Хоруғ Назарбегим Аслишоева.
- Апаи Назарбегим, чӣ ангезае шуморо водор кард, ки бо мо суҳбат намоед ва дар бораи ин воқеа маълумоти доштаатонро баён созед? Бисёриҳо дар ин бора хомӯширо авлотар меҳисобанд.
- Ростӣ, рӯз то рӯз завол ёфтани ақлу хиради ҷавонони шаҳрамон, болоравии таъсиру нуфузи унсурҳои олами ҷиноӣ дар байни онҳо, мақоми болотар пайдо кардани падидаи бадиро бар некӣ дар ҷомеа мебинаму дилхун мешавам. Аз ояндаи ду писари наврасам ҳарос дорам. Зеро мебинам, ки дар шаҳри мо обрую сухани афроди ҷинояткор аз ҳарфи устоди мактабу донишгоҳ, варзишгари маъруф ва ходими ҷамъиятию халифаи маҳалла болотар меистад. Аз воқеаҳои тобистони соли 2012 муддати зиёде нагузаштааст, вале касе аз он сабақе набардоштааст. Боз ҷинояткорон сар боло карданду мардум аз нав худро девори муҳофизати аъмоли ҷиноӣ қарор доданд.
- 29- 30-юми ноябр чӣ ҳодисае рух дода буд?
- Дар байни мардуми маҳалла хабаре паҳн шуд, ки ҳамсояамон – Шерикро (Абдуламидов Шерик Каримович, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Карамшоев, бинои 59/1, ҳуҷраи 16 (Ҳ.Ш.)) амниятиҳо дастгир кардаанд. Бегоҳӣ кормандони амният барои кофтукови хонаи Шерик омаданд, аммо дари хона қуфл буд. Онҳо пас рафтанду баъди чанде ҳамроҳи муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Манзаршоев Х.М., нозири минтақавии шуъбаи корҳои дохилӣ Нодалёбов О.Б. баргаштанд ва раиси маҳаллаи «Болнитсен» бародари Шерик - Алиакбарро даъват карда, ба онҳо иҷозатномаи (санксияи) судро дар хусуси кофтукови хона нишон доданд ва дар шоҳидии ду нафар шахси холис ба хонаи Шерик даромаданд.
- Оё шумо низ аз нафарони холис будед?
- Не, ман мисли дигар сокинони бинои 59/1 назди даромадгоҳи хона истода, ин ҳамаро назора мекардам. Худ даруни хонаи Шерик набудам, вале тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, кормандони мақомот аз пушти ҷевони меҳмонхона як таппончаи «Макаров», зиёда аз 150 дона тири автомат ва чанд тирдон ёфтаанд.
- Идомаи ҳодиса чӣ гуна буд?
- Кормандони мақомот қариб як соат дар дохили хона буданд ва мардум мегуфтанд, ки чизҳои ёфтаашонро ҳуҷҷатгузорӣ доранд. Дар ин асно сокини маҳаллаи «Болнитсен» Гулобов Ниёзшо ва чанд нафар ҷавонони маҳалла дар назди хона пайдо шуда, ба ҳақорату амалҳои иғвогарона пардохтанд. Онҳо ба ҳар тарафе телефон карда, қариб сад нафар ҷавононро ҷамъ оварданд. Дар байни онҳо Хурсанд, Айрат ва дигар ҷавононе, ки аз маҳаллаи мо нестанд ва ҳамеша дар ҷангу низоъҳо ҳузур доранд, низ буданд. Ин ҷавонон ба хонаи Шерик даромаданд ва бо кормандони амниятӣ ба баҳс шурӯъ карданд.
- Апаи Назарбегим, аз шунидаи шумо онҳо чиҳо мегуфтанд?
- Суханҳо ҳархела буданд. Масалан, ба амниятиҳо мегуфтанд, ки ин ҷо барои шумо Ғарму Кӯлобу Суғд нест, ки худсарона рафтор кунед, мо ба шумо чунин иҷозатро намедиҳем!
- Дар ин хусус андешаи шумо чист?
- Андешаи ман ин аст, ки ин ҷинояткоронро бояд аз аввал худи давлат эрка намекард. Чандин дафъа нисбаташон гузашт карданд, онҳоро бахшиданд, акнун мақомоти давлатӣ бояд барои ҳифзи қонун, боздошти ҷинояткорон «аз онҳо иҷозат мегирифтаанд». Дуруст аст: «аз мост, ки бар мост».
- Идомаи воқеа чӣ шуд?
- Дар идома аз даруни хона садои тир баромад ва ҷавонони воридшуда ба берун гурехтанд. Хушбахтона, касе осеб надид. Амниятиҳо истодагарӣ нишон дода, Гулобов Ниёзшоро барои даъвату ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт намуда, бо худ бурданд. Баъди рафтани онҳо дар тамоми шаҳри Хоруғ овоза паҳн шуд, ки «мақомот Абдуламидов Шерик ва Гулобов Ниёзшоро бегуноҳ дастгир кардаанд», «дар хонаи Шерик пистолету маводи мухаддир гузоштаанд», «бе санксия дари хонаро кушодаанд» ва монанди инҳо. Паҳнкунандагони овоза боз ҳамон Хурсанду Мирзошову Айрату дигарон буданд, ки дар воқеаҳои тобистони 2012 даст доштанд. Онҳо мехостанд, ки бо ин баҳона боз авзои шаҳри Хоруғро мураккаб созанд. Баъзеҳо онҳоро бовар карданду ба майдонҳо баромаданд, чун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ асли воқеаро фаҳмониданд, вазъият ором шуд.
- Апаи Назарбегим, андешаи шумо дар бораи ёфтани пистолету лавозимоти ҷангӣ аз хонаи Шерик чӣ гуна аст? Оё дар ҳақиқат ёфтанд ё тибқи овоза- «гузоштанд»?
- Дар аввали суҳбат бароятон гуфтам. Ҳангоми воқеа мо дар пеши «домамон» қарор доштем ва ҳар коре, ки даруни хонаи Шерик мегузашт, ҳамон лаҳза бохабар мешудем. Бори дигар бо қотеъият мегӯям, ки дари хона тибқи иҷозатномаи суд, бо иштироки раиси маҳалла, бародари Шерик ва ду нафар шахси холис кушода шуд. Қаблан касе вориди он нагашт, ки чизҳои ёфташударо гузорад. Ҳама сокинони кӯчаи Карамшоев, бинои 59/1 инро медонанд ва тасдиқ мекунанд. Ғайр аз ин, худи Шерик ба хешу табораш гуфтааст, ки «ман худам ба Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ рафта, ихтиёран хабар додам, ки дар хонаам аслиҳа дорам. Акнун, чунин коре, ки аз тарафи Гулобшою дигарон ташкил карда шуд, вазъи маро чандин маротиба вазнин хоҳад кард. Гуноҳамро бештар карданд. Ман ба ёрдами ҳеҷ кас эҳтиёҷ надоштам, зеро яроқ доштанам ва ҷои пинҳон кардаамро худам гуфтам».
- Апаи Назарбегим, боз ягон гуфтании дигар доред?
- Гуфтании дигарам ҳамин, ки давлат дигар ба чунин ҷинояткорон гузашт накунад. Ҳар касе, ки гуноҳ кард, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Мо ҳама ҷузъи як Ватанем, ки Тоҷикистон ном дорад ва тибқи Конститутсия ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар ҳуқуқи якхела доранд. Дар назди қонун низ бояд якхела ҷавоб гӯянд, хоҳ дар Хоруғ бошад, хоҳ дар Кӯлобу хоҳ дар Хуҷанд. Муносибат бо олами ҷиноӣ дар чунин шакл бояд хотима дода шавад. Мо то дараҷае пойбанди марази маҳалгаройӣ гаштаем, ки ҳатто ҷинояткоронамон, корандагони тухми бадбахтиҳоямонро аз ҷавобгарӣ дар назди қонун бо баҳои ҷони худу фарзандонамон халос мекунем. Бори чандум аст, ки дар шаҳри Хоруғ ин кор такрор мешавад. Мақомоти масъули давлатиро ин дафъа низ муяссар шуд, ки вазъиятро ба эътидол оваранд. Аммо чунин муносибат бо ҷинояткорон бояд қатъ карда шавад.
- Апаи Назарбегим, барои суҳбати муфассалу далелнок ташаккур. Вале, рости гап, шумо ончунон рӯйирост аз ҳақиқати воқеии шаҳри Хоруғ ҳарф задед, ки мо аз рӯйи коғаз оварданаш метарсем. Мақсад аз эҷоди таҳдиду хатар ба ҷони шумо метарсем. Шумо номи ашхосеро ба забон овардед, ки на ҳама ҷуръат мекунанд…
- Ман ҳеҷ гоҳ аз ибрози ҳақиқат рӯ нагардонидаам ва намегардонам. Аз гуфтан ҳам наметарсам. Ин мардуме, ки сухан дар бораашон рафт, худ тарсончаку буздиланд. Ҳамеша ҷиноят содир мекунанду барои ҳифзи хеш занону кӯдаконро пеш мебароранд. Як бору ду бор не. Ин кор барояшон одати доимӣ шудааст. Ана аз инаш ман метарсам. Метарсам, ки боз рӯзе аъмоли ҷиноии онҳо боиси рехтани хуни бегуноҳон нашавад, чуноне ки соли 2012-ум шуда буд.
- Бори дигар барои суҳбат ташаккур.
PS: Ҳарчанд ҳамсуҳбати мо аз зикри ному насабаш ҳангоми нашри матлаб қотеъона исрор кард, виҷдону имонамон нагузошт, ки тақдири ин зани нотарсу ҷасурро мӯҷиби хатар созем ва ному насабашро тағйир додем.
Ҳамроҳхони Шафеъ, хабаргузори мустақил