Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№131 (4081) 31.10.2019

48989641008_ecc5a15b17_o31 октябри соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019» баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд., хароҷот 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода, дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 млрд. сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард ва 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор карданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қабул гардид.

Сипас, гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайяншуда ба роҳ монда шавад ва харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.

«Дар бораи таҳияи «Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

«Дар бораи нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ва «Дар бораи нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон» раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ҷабборӣ Ғаффор гузориш доданд.

«Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» сардори он Хуршед Каримзода ҳисобот дод.

«Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва «Дар бораи «Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт» гузориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шуд.

Аъзои Ҳукумат, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ­аъзои Ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хӯрока, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷалб карданд.

www.president.tj