Оби дари хона тира аст

№137 (4087) 14.11.2019

Ё чаро хориҷиҳо маҳсулоти ҷск «Корхонаи кимиёвӣ»-и Исфараро харидорӣ мекунанду худамон камтаваҷҷуҳем?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат аз коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки: «дар 7 моҳи соли 2019 ҳаҷми умумии даромади 115 корхонаи калони истеҳсолӣ назар ба ҳамин давраи соли гузаш­та беш аз 1 млрд. сомонӣ ва андозҳои ҳисобшудаи онҳо 166 млн. сомонӣ коҳиш ёфтанд».

Ба қатори онҳо яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии мамлакат ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфараро шомил кардан мумкин аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 31 млн. 800 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,2 дарсадро ташкил медиҳад. Сабаб дар чист? Иҷрокунандаи вазифаи директори генералии коргоҳ Субҳоналӣ Миристоев дар ин бобат чунин изҳори андеша кард:

- Сабаби асосии кам шудани ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфтани ҳаҷми хариди маҳсулот аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ мебошад. Агар дар нуҳ моҳи соли гузашта аз маҳсулоти коргоҳ ба маблағи беш аз 50 млн. сомонӣ харидорӣ карда бошанд, ин нишондиҳанда дар нуҳ моҳи соли равон 35 млн. 908 ҳазор сомониро ташкил дод.

Яке аз сабабҳои асосии кам шудани фурӯши маҳсулот ба фаъолият оғоз кардани корхонаи муштарак аст, ки оид ба ин масъала Пешвои миллат дар суханронии хеш чунин ёдрас шуданд: «Солҳои охир таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ бе омӯзиши бозори дохиливу хориҷӣ ва бе хулосаи мутахассисони соҳаи саноат ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа корхонаҳо молҳои истеҳсолкардаи худро ба фурӯш бароварда натавониста, аз фаъолият бозмемонанд ва боиси хароҷоти ғайримақсаднок мегардад».

Маҳсулоти истеҳсоли коргоҳ-моддаҳои тарканда, ки асосан барои саноати кӯҳӣ истифода мебаранд, дорои хусусияти хос аст. Маҳсулоти истеҳсолшуда бояд дар муддати кӯтоҳ фурӯхта шавад. Дар ҳаҷми аз меъёр зиёд нигоҳ доштани он дар анборҳои корхона на танҳо барои иншоот, балки барои минтақа хатар дошта, ин ҳолат ба фаъолияти муътадили корхона таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҳамин хотир буд, ки маъмурияти коргоҳ барои сари вақт ба фурӯш баровардани маҳсулот ва бо мақсади барқарор сохтани муносибатҳои иқтисодӣ бо корхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораҳои амиқ андешид. Дар натиҷа, баъди беш аз 20 соли канда шудани муносибатҳо корхонаҳои ҷумҳурии ҳамсоя ба маблағи 6 млн. сомонӣ маҳсулоти ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и Исфараро харидорӣ карданд.

Бино ба гуфти роҳбари коргоҳ, чанд сол аст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти муътадили муассиса чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2013 коргоҳи нави маводи таркандаи саноатии эмулсионии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд. Айни ҳол ин коргоҳ қодир аст, талаботи истеъмолкунандагони дохили кишварро бо маводи эмулсионӣ таъмин намояд. Ба илова, соли равон дар коргоҳ истеҳсоли воситаҳои таркиш дар ҳамкорӣ бо ҶС «Азот-Взрыв»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба кор шурӯъ кардани хати нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳои ватанӣ ва минтақа бо воситаҳои таркиши саноатӣ пурра таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам шавад. Муҳим он аст, ки маҳсулоти коргоҳ аз 14 ба 20 номгӯй расидааст. Харидорони асосӣ КМ «Апрелевка», «Зарафшон» ва ҶСК НБО «Роғун» маҳсуб мешаванд.

Хулоса, ин коргоҳи азими ватанӣ дар ҳолати иҷро шудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №446-16 аз 25 сентябри соли 2001 оид ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ имконияту иқтидор дорад, ки на танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд, балки бо афзунсозии ҷойҳои корӣ буҷети маҳаллиро ғанӣ гардонад.

 

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»