13 ноябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр муҳтарам Ҳомид Карзайро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз ин имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карданд.
Сипас, доир ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардуми ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои рушду густариши иқтисодиёти Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа, чун терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд аз имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бурд.
www.president.tj