Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси ҷиноятӣ такмил меёбад

№157 (3142) 17.12.2013

DSC_0398

14 декабри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Бахтиёр Худоёров ҷаласа доир шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласа барои баррасӣ танҳо як масъала -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шуда буд.

Аъзои Кумита доир ба ин масъала андешаҳояшонро иброз дошта, дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуданд.  Вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа хулосаи Кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ