Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№138 (4088) 16.11.2019

49063672482_a898d24cf2_o14 ноябри соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаҳо, қабл аз ҳама, муовини вазир – сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 ҳисоб дод. Қайд гардид, ки иҷрои қонуни мазкур таъмин ва нисбат ба зиёда аз даҳ ҳазор нафар татбиқ шуд. Аз ҷумла, зиёда аз шаш ҳазор нафаре, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо менамуданд, озод шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ҷиҳати сари вақт таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он дастур доданд.

Сипас, масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод», ки 6 ноябри соли 2019 ба амал омад ва чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ баррасӣ гардид. Дар ин робита прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот доданд.

Доир ба масъалаҳои баррасигардида қарор қабул карда шуд.

www.president.tj