Ҳар давру замон талабот, масъалаю мушкилии худро назди башарият пеш мегузорад, ки аз ҳаллу фасли оқилонаи онҳо ояндаи на танҳо кишварҳо, балки тақдири инсоният вобастагии калон дорад. Яке аз онҳо гармшавии иқлими сайёра, норасоии оби ошомиданӣ мебошад, ки аҳли башарро ба ташвиш гузоштааст.
Боиси хушҳолист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологии сайёра, хусусан, вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, эътироф гардидааст. Бунёди ин обрӯю эътибори байналмилалиро пешниҳодҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва ниҳоят, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ки дар айёми шиддатёбии мушкилоти вобаста ба оби кулли сокинони сайёра аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш аст, ташкил медиҳад. Луғатномаи зикршуда ҳам маҳз бо дарназардошти муҳимияти масъала таълиф гардидааст.
Бинобар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будани Тоҷикистон ва мавқеи калидӣ доштани забони русӣ, ҳангоми мураттабсозии китоб ба луғатҳои қаблии дар Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Афғонистон, Эрон нашргардида, ба матбуот, таҷрибаи кор ва забони тахассусӣ — илмӣ такя шудааст. Ҳар як калима ва истилоҳи аз забони русӣ бо якчанд калима ё истилоҳи забони тоҷикӣ баргардон шудааст, ки ба интихоб ва хулосабарории дурусти вожаҳо мусоидат менамояд.
Луғат истилоҳот оид ба физика, риёзӣ, заминшиносӣ ва дигар соҳаҳои илму техникиро, ки дар обшиносӣ ва сохтмони иншооти обӣ мавриди истифода қарор доранд, дар бар гирифта, инчунин дар он калимаю истилоҳоти дар хориҷи кишвар истифодашавандаи соҳаи об, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд, тарҷумаю тафсир шудаанд.
Китоб маҳсули заҳмати 13 — солаи қаламкаши пурмаҳсул, нависанда, муҳандиси фанни об, коршиноси ғайрирасмии Донишгоҳи давлатии Данғара Хайруллои Раҳимӣ Раҷабиён буда, 36 000 калима ва ибораҳои соҳаро дар бар мегирад ва барои омӯзгорон, унвонҷӯён, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, муҳандисон маъхази хуби омӯзиш ва баҳрабардорӣ маҳсуб меёбад, ки ҶДММ «Балоғат» ба табъ расондааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»