Чанде пеш ба ноҳияи Восеъ рафта будам. Иттифоқан бо ҳаҷвнигори машҳури ноҳия Араби Дӯстмурод, ки солҳост дӯстӣ дорем, вохӯрдам. Баъди ҳолпурсӣ, ӯ аз эҷодиёти тозааш порчае қироат намуда, хастагии роҳро аз ман дур кард.
Суҳбаткунон ба «Гулгашти Восеъ» расидем. Ин мавзеъ рамзи асосии ноҳия буда, муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар он гузошта шудааст. Мутаассифона, табъам хира гашт. Гулҳо бетартиб рӯида, роҳравҳои вайронаро дида, кас аз ин манзараи басо ҳузнангез дилгир мегардад. Рӯйи ҳайкали Восеъ бошад, бо матое пӯшида аст. Ба гуфти рафиқам, пайкара рангпарида, таъмирро тақозо дорад.
«Гулгашти Восеъ» дар шафати роҳи ҷумҳуриявӣ ҷойгир буда, дар радифаш бинои идораҳои давлатӣ: суд, раёсати молия, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин, ҳар рӯз садҳо меҳмони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъ гузашта, ба дигар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб сафар мекунанд. Масъулони ноҳия бошанд, камбудиро кӯчак шумурда, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд.
Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»