16 декабри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот асосан масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли 2014 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба масоили таҳким ва густариши имконоти ҳамлу нақл ва транзитии кишварҳои аъзо ва нозири ин созмон, бартарафсозии монеаҳои мавҷуда дар ин самт кӯшиши бештар хоҳад дошт».
Зикр гардид, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар ҳудуди ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд, ки ба наздикшавии мардумони кишварҳои аъзо ва нозири он мусоидат хоҳанд кард.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба масоили ташкили Бонки рушд ва Хазинаи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай, баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 зоҳир карда шуд.
www.president.tj