Бӯстон ҳамчун яке аз шаҳрҳои саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми шоиста дорад. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳо хабарнигорамон бо раиси он Раъно Ҳошимзода ҳамсуҳбат гардид.
- Ба назари шумо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қонеъкунанда аст?
- Бале, бо дарназардошти хизматрасонии пулакии барқу об ва бахши хусусӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 285 млн. 928 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 млн. 873 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Танҳо корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 234 млн. 118 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 млн. 123 ҳазор сомонӣ бештар аст ва 184,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
- Корхонаҳои саноатӣ чанд намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд?
- Наздик ба 30 намуд, ки воридотивазкунанда ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анҳор» истеҳсоли орд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарбати мева» истеҳсоли шарбат, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» истеҳсоли сангҳои ороишию нахи базалтӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-Пак» истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-политекс» истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷилои Ҷавҳар» истеҳсоли равғани растанӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Евро-Азия 2005» истеҳсоли нӯшокиҳо, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» истеҳсоли қубурҳои асбестӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфилиз» истеҳсоли меху мехҳои печон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон-Бӯстон» истеҳсоли коғазҳои ташнобро ба роҳ мондаанд.
- Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кадом сатҳ аст?
- Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 «Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Бо ин мақсад дар 167 банд нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, бунёди майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст ва дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ, 72 банди чорабиниҳо ба нақша гирифта шуд, ки 43 банди он (зиёда аз 60 дарсади нақша) иҷро гардид.
Ҳаҷми корҳои анҷомёфтаи сохтмонию васлгарӣ дар давраи зикршуда 14 млн. 236 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 100,1 фоизи нақша мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ (104,4 фоиз) иҷро шуданд.
Ҷалби сармоя ба 27 млн. 220 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 1,6 баробар бештар мебошад. Ҳамчунин, дар нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 28 млн. 302 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта панҷ баробар зиёд аст.
- Вазъи бозори меҳнат чӣ гуна аст?
- Аз ҷониби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 130 нафар ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёд аст. Дар ин муддат 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии кор ташкил гардид ва 302 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
- Мактабу маориф чӣ ҳол доранд?
- Ба соҳаи маориф, ки дар сиёсати Ҳукумати мамлакат афзалиятнок ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи зиёд равона мегардад. Ҳоло дар шаҳр 25 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Барои пешрафти соҳа дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 12 млн. 696 ҳазор сомонӣ сафарбар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 9 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Бо мақсади устувор гардонидани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам компютерҳои замонавӣ харидорӣ мешаванд. Нақшаи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» барои соли 2019 бо харидани 69 адад компютер пурра иҷро гардид.
Боиси қайд аст, ки дар ин давра 3 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Ментальная арифметика» иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён ноил гаштанд. Инчунин, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон аз се нафар иштирокчӣ ду нафар соҳиби ҷойҳои якум гардиданд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 1913 нафар кӯдакро фаро гирифтаанд, ки 58 фоизи шумораи умумии кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
- Соҳаи тандурустӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Ба аҳолии шаҳри Бӯстон, ки 35,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби беморхонаи шаҳрӣ бо 275 кат ва Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон» барои қабули 1274 нафар дар як баст, Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шаш маркази хусусии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар беморхонаи шаҳрӣ ва Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳр 708 нафар — 144 табиб ва 564 корманди хурди тиббӣ фаъолият мекунанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар шаҳри Бӯстон нуҳ ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ адад кам аст.
- Таваҷҷуҳ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон чӣ гуна аст? Онҳо бештар ба кадом масъала муроҷиат мекунанд?
- Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон 734 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад бештар аст. Мавзӯи асосии аризаҳо ба масъалаҳои гирифтани манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил, ободонию кабудизоркунӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, расонидани кумаки моддӣ ва дастгирии иҷтимоии мардум мебошанд.
Аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон 161 ададро дар бар гирифт, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 98 адад камтар аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар оянда низ ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои миллӣ тадбирҳои судманд андешида, дар ҳамбастагӣ бо фаъолони шаҳр баҳри таъмини зиндагии арзанда ба сокинон, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, ҷаҳду талош хоҳанд варзид.
Мусоҳиб М. УСМОН, «Садои мардум»