16 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир карданд.
Роҳбари давлат Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба ӯ сиҳатии комил, саодатмандӣ, дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ ва алоқамандиашонро ба рушди мусбати онҳо таъкид карданд.
Бахусус, саъю талошҳои минбаъдаи ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон зарур шуморида шуд.
Дар суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
www.president.tj