Иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар панҷоҳумин ҷаласаи пленарии АБ Идм

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

49105479308_e4a756fa18_o22 ноябри соли 2019 дар толори Қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко панҷоҳумин ҷаласаи пленарии АБ ИДМ доир гардид, ки дар он ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи рамзан ҷашнии ассамблея Маҳмадсаид Убайдуллоев суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар ҷаҳони муосир расидан ба дарки моҳияти ҳамбастагӣ, ҳамраъйӣ ва зарурати ҳамкории мутақобила дар ҷодаи кашфи пайгиронаи воситаҳои муассири равобит баҳри дастёбӣ ба ҳифзи амнияту субот, рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таҳкиму тақвияти принсипҳои асосии таъмини озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин шароити кафолатдиҳандаи зиндагии арзанда дар заминаи меъёрҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчунин таъкид намуд, ки бо ибтикори садорат дар ин сатҳ роҳандозӣ шудани табодули андешаҳо ҷиҳати арзёбию бознигарии фаъолияти муттасили институти бонуфузи байнипарламентии АБ ИДМ воқеан мубрам, саривақтӣ ва ҷавобгӯи ­ниёзҳои пайгирикунанда маҳсуб ёфта, зимни амалкардҳо зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус оид ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати мубориза бар зидди даъват ва таҳдидҳои нав, терроризми байналмилалӣ, экстремизм дар ҳама шакли зуҳуроташ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

- Бо ибтикороти АБ ИДМ, — афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, — тавассути Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 22 майи соли 2018 ба ҳукми таърих ворид шудани 30 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии парламентаризм аз дастовардҳои сазовори ассамблея маҳсуб меёбад. Ҳамчунин саҳми он дар роҳи ҳифзи хотираи фавтидагони мубориза дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва эътирофи ғалаба бар фашизм дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди инсоният баҳри гиромидошти хизматҳои шоёни муборизон чун ёдгории умумиҷаҳонӣ шоистаи таҳсин мебошад.

Ширкати кишварҳои аъзо дар равандҳои интихоботӣ ба яке аз вазифаҳои муҳими ассамблея ворид гардидааст, ки он, бешубҳа, дар таҳкими пайвастаи равандҳои мазкур на танҳо дар паҳнои давлатҳои ИДМ, балки берун аз он нақши азим мебозад.

Қобили зикр аст, ки таъсис ва фаъолияти густурдаи ­Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бобати воридсозии наслҳои ҷавон ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ беҳтарин васила арзёбӣ мешавад.

Гузашта аз ин, Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласа масъалаи бо дастгирии Шӯрои АБ ИДМ дар паҳнои ассамблея баҳри ҳавас­мандсозии зиёиёни эҷодкор ва дар ҳамбастагии қавӣ сарватёбии фарҳангии халқҳои кишварҳои аъзо роҳандозӣ шудани Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматовро аз дастовардҳои ибратбахш маънидод карда, нисбат ба пазиройии пешниҳоди Маҷлиси миллӣ оид ба дар соли 2019 бо ҷоизаи зикршуда шарафёб гардонидани Муҳаммад Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Пас аз суханронии ифтитоҳии раисони парламентҳо, панҷоҳумин ҷаласаи пленарии ассамблея ба кори худ идома бахшида, ба баррасии масъалаҳои дар рӯзнома шомилбуда шурӯъ намуд. Аз ҷумла, аз ҷониби парламентарҳо гузоришҳои Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон доир ба таҳрири нави қонунҳои намунавӣ «Дар бораи идоракунии боэътимоди амвол», «Дар бораи ҳуқуқи уҳдадориҳо», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи реклама» баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.

Дар фарҷом бо Қарори Шӯрои АБ ИДМ Муҳаммад Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон бо Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов қадрдонӣ ва иддае аз парламентарҳои кишварҳои аъзо бо мукофотҳои муқаррарнамудаи АБ ИДМ сарфароз гардонида шуданд.

Панҷоҳумин ҷаласаи пленарии ассамблея бо баргузории консерти ансамбли симфонии Қасри Таврический хотима ёфта, аз натиҷаи он сарони парламентҳо нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Нимаи дуюми 22 ноябр дар Қароргоҳи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Қасри Таврический Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Вулуси ҷиргаи Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамҷаворию таъмини амнияти сарҳадиро баррасӣ намуда, аз омодагии тарафҳо ба тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид доштанд.

www.majmiili.tj