Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» 21-уми ноябри соли равон барои кормандони ВАО дар мавзӯи тақвият бахшидан ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам — ВНМО дарси маҳорат доир намуд, ки дар он мутахассисон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Зимни машғулият мудири шуъбаи диспансерии Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО» Зуҳро Нурляминова зикр кард, ки ВНМО бори аввал соли 1983 дар ду лаборатория, новобаста аз ҳамдигар, аз тарафи Люк Монтане (Институти Пастер дар Фаронса) ва Роберт Галло (Институти миллии бемориҳои саратон дар ИМА) кашф гардидааст. Тадқиқотчиён ба хулоса омаданд, ки вирусҳои аз ҷониби муҳаққиқони фаронсавӣ ва амрикоӣ кашфшуда комилан ба ҳам монанданд. Доир ба нишонаҳои гирифтор шудан ба вируси норасоии масунияти одам қайд гардид, ки марҳилаи ноаёни он аз 3 то 6 моҳ идома меёбад.
- Одамон, ба ин беморӣ, асосан, бо роҳи хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ, аз модарон ба кӯдакон ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ сироят меёбанд, – гуфт З. Нурляминова ва афзуд: — Дар ҳамаи моеи биологии организм вирус вуҷуд дорад, аммо дар чор моеъ — хун, нутфа, тарашшуҳоти маҳбал ва шири сина сироятёбӣ зиёдтар аст.
Ҳамчунин, корманди маркази зикршуда Камолиддин Боймуродов оид ба нишондиҳандаҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам дар солҳои 1991 — 2019 маълумот дод.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»