Дар ҳоле ки 15 май «Рӯзи оила» асту соли 2015 «Соли оила» эълон гардиду 8 март «Рӯзи модар»-ро қайд мекунем, чаро солеро «Соли модар» эълон намекунем?
Замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳаёт ва фаъолияти Зан — Модари тоҷик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Бонувони кишвар дар фазои сулҳу осоишта барои ободии Ватан ва камолоти фарзандон саҳм мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳо зану модар дар кишварҳои гуногуни олам зери хушунат ва бенавоӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло нисфи аҳолии дунёро занон ташкил менамоянд. Агар соли 1913, яъне, қабл аз оғози ҷанги якуми ҷаҳон, ҳафт дарсади занон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйдиҳиро дошта бошанд, соли 2018, баъд аз 106 сол, 97 дарсади занони ҷаҳон ин ҳуқуқро ба даст оварданд.
Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид аён мегардад, ки зан — модар дар кишварҳои ҷангзада, аз қабили Нигерия, Либия, Ироқ, Сурия, Яман, Судон, Сомалӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Миянмар ва ғайра гирифтори озору азият аст.
Дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Франсия, Испания занон бештар бо хушунати физикӣ ва озори ҷинсӣ мувоҷеҳанд.
Донишмандон қораи Африқоро минтақаи ғаму ғусса меноманд. Ин сарзамин ҳамеша дар рӯ ба рӯи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошту дорад. Тибқи иттилои ЮНИСЕФ, бештари зӯроварии ҷинсиву таҷовузи зану духтарони ноболиғ дар кишварҳои африқоӣ ба амал меоянд. Дар Алҷазоир, Ҷумҳурии Арабии Миср, Судони ҷанубӣ ва шимолӣ садҳо ҳазор зан дар шароити сангин, ноамниву бесуботӣ ва дарбадарӣ қарор дошта, қисме аз онҳо ба ҳалокат расида, боқимонда худро тавассути баҳри Миёназамин ба Юнон ва Аврупо расонидаанд.
Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба занон муносибати дуюмдараҷа доданд. Коршиносони масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва демографии Афғонистон ба он ақидаанд, ки 25 соли охир барои занон марҳилаи қурбониву хушунат аст. Вуруду хурӯҷи қувваҳои низомии хориҷӣ ба афкори занону духтарон таъсири манфӣ расонид.
Тибқи маълумоти Вазорати тарбия ва таълими Афғонистон, ҳоло зиёда аз се миллион кӯдаку ҷавон бо мушкилии иҷтимоӣ ва амниятӣ мувоҷеҳанд. Солҳои охир зиёда аз 700 мактаб баста шуд, танҳо соли 2018 беш аз 500 зан ва духтари ноболиғ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ қатл шуданд. Ба ақидаи таҳлилгарон ягона роҳи наҷоти духтарону занон дар минтақа, пеш аз ҳама, таъмини амният ва осоиштагии кишвар аст.
Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва талошу иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алҳол бонувони кишвар зиндагии хушу гуворо доранд.
Ширкати фаъоли бонувон дар раванди рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз ҳар вақти дигар мушоҳида мешавад. Зан — Модари тоҷик фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгор, муҳандис, вакили парлумон, раиси шаҳру ноҳия, дипломат, ҳунарпешаи синамо ва театр, нависанда, варзишгар мебошад.
Занони тоҷик дар шароите умр ба сар мебаранд, ки бонувони дигар кишварҳо онро орзу менамоянд.
Аз ин хотир, хуб мешуд, агар солеро Соли модар эълон намоем, то ба бузургии «Чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт» бештар арҷ гузорем ва иззату эҳтиромашро беш аз пеш ба ҷо орем.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»