Чанде пеш иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он вакилон нуҳ масъала, аз ҷумла фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми 11 моҳи соли 2013 — ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов оид ба ин масъала гузориш дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади умумии буҷети вилоят ба андозаи 102, 7 фоиз таъмин ва ба буҷет 874,7 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Нақшаи даромадҳои буҷети маҳаллии вилоят 102,9 фоиз иҷро шуда, нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 97,4 фоиз ва муассисаҳои буҷетӣ 92,4 фоизро ташкил додааст.
Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки агар корхонаҳои саноатии вилоят давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварда бошанд, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ин фосила ба 4 миллиарду 355 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Дар иҷлосияи мазкур вакилон ҳамчунин дар бораи ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров» Бахтиёр Мирзобаҳодуров, ворид намудани тағирот ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, номгузории иншоотҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайра қарорҳо қабул карда, қарорҳои раиси вилоятро тасдиқ намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоятии Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти вилоят пешравии зиёд ба назар мерасад.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки таъмири роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо аз нақшаҳои асосии мақомоти иҷроия дар соли оянда ба ҳисоб меравад. Дар ин замина таъмиру навсозии 2 ҳазор километр роҳҳои дохилии вилоят дар назар аст. Вусъати корҳои ободонӣ ва гулзору кабудизоркунии марказҳои шаҳру навоҳӣ аз рӯйи нақшаи муқарраргардида аз ҷумлаи тадбирҳои дигарест, ки соли оянда амалӣ карда мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи масъулинро ҳамчунин ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб намуд.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»