Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбэков

№145 (4095) 30.11.2019

49132480096_769554dc1d_o27 ноябри соли 2019 дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Зимни он маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчӯби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ ба масъалаи тавсеа ва таҳкими ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аҳамияти махсус медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ махсус таъкид карданд.

Ҳамчунин, гуфтугӯи судманд дар атрофи татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.

www.president.tj