Тақвим

Моҳи мубориза барои ҳуқуқ ва кумак ба эҳтиёҷмандон

№146 (4096) 03.12.2019

Моҳи охири соли 2019 дар тақвими ҷаҳонӣ бо Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) оғоз меёбад, ки шиори он «Ҷомеа дигаргунӣ ба даст меорад» аст. Ин таъкид бар он аст, ки аҳли башар дар мубориза алайҳи ин беморӣ дар ҳамбастагӣ метавонанд натиҷа ба даст оранд. 

Тибқи қарори Маҷмаи умумии СММ аз 14 октябри соли 1992,  3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд мегардад.

Ҳадафи рӯзи дигари алоқаманди соҳаи тиб Рӯзи байналмилалии фарогирӣ бо хизматҳои тиббӣ (12 декабр) расонидани ёрии тиббӣ ба табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла, бенавоёну маъюбон, аст. Ба ақидаи ташаббускорони ин ҷашн, на ҳар кас имконияти пардохти ҳаққи хизматрасонии тиббиро дорад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, солҳои охири асри ХХ қариб 25 фоизи аҳолии дунё ё якуним миллиард одам зиндагии қашшоқона дошт. Барои рафъи ин ҳолат соли 1995  СММ 19 декабрро Рӯзи байналмилалии кумак ба бенавоён эълон намуд. Боз як ҷашн — Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии одамон (20 декабр) ба барҳам задани гуруснагиву қашшоқӣ, рафъи ноадолатӣ ва зулму ситам равона гардидааст. Рӯзи ҳуқуқи инсон 10 декабр рамзист, ки дар ин рӯз инсоният Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи ҷонваронро низ таҷлил менамоянд.

Рӯзҳои байналмилалии хок (5 декабр) , кӯҳҳо (11 декабр) ва мубориза бо пеститсидҳо (3 декабр) низ аз ҷашнҳои муҳими моҳи декабр буда, ба тозагии муҳити зист, беҳтар сохтани зиндагии аҳли башар равона гардидаанд. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки сеяки хоки сайёра хусусият аз даст дода,  заҳролуд шудаанд. Бинобар ин, СММ соли 2019 шиори ҷашни хокро чунин муайян намудааст: «Мушкилоти заҳролудшавии хокро ҳаллу фасл менамоем!».

Кӯҳҳо манбаи обу ғизо ва энергия маҳсуб меёбанд. 60-80 фоизи обҳои ошомиданӣ, қисми зиёди ҷангалзорҳо дар кӯҳҳо ҷойгиранд. Дар кӯҳҳо беш аз 1 миллиард сокинони олам зиндагӣ карда, забон ва фарҳанги бисёр халқҳои қадимро ҳифз менамоянд. Бинобар ин, дар тақвими ҷаҳон пайдо гардидани Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо (11 декабр) муҳиму саривақтист.

«Муҳоҷират таконбахши рушди иқтисодӣ, динамизм ва ҳамдигарфаҳмист. Он миллионҳо одамро шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои нав биҷӯянд, ба мамлакате, ки қарор доранд, манфиат оранд», — гуфтааст Муншии умумии СММ Антониу Гутерриш. 18 декабр дар ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо низ Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон қайд карда мешавад.

2 декабр аз соли 1949 ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои манъи ғуломдорӣ таҷлил мешавад. Гарчанд  мубориза аз давраи пайдошавии ғуломдорӣ оғоз ёфтааст, он имрӯз низ аз байн нарафта, дар  намудҳои дигар вуҷуд дорад. Айни ҳол дар ҷаҳон беш аз 40 млн. ғулом мавҷуданд, ки аз онҳо 24,9 млн. бо меҳнати иҷборӣ машғул буда, 15, 4 млн. нафари дигар онҳоеанд, ки бо никоҳи маҷбурӣ зиндагӣ мекунанд. Аз шумораи умумии ғуломони бо меҳнати иҷборӣ машғулбуда 16 млн. ба сектори хусусӣ марбутанд. 4,8 млн. нафар ба таври шаҳвонӣ истисмор  мешаванд.

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия (9 декабр), синамо (10 декабр), рассомон (8 декабр) ва забони арабӣ (18 декабр) низ аз ҷашнҳои муҳими моҳ маҳсуб меёбанд. Дар  кишвар ҳамчунин, рӯзи кормандони мақомоти молия (7 декабр), энергетика(22 декабр) ва мақомоти амнияти миллӣ (28 декабр) таҷлил мегардад.

Н. НИЗОМӢ«Садои  мардум»