Шукри хокат, эй Ватан, зеро ки он мардофар аст,
Шукри ин оби зулолат, он аҷаб нурофар аст.
Шукри ин давлат бигӯям, шукри ин фарзонамард,
Давлатат чун Оли Сомон, Пешвоят акбар аст.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷикистон, сарнавишти ормони миллатӣ,
Тоҷикистон, баҳри мо аз ҷони ширин қиматӣ.
Тоҷикистон, ормони ҳафт пуштам аз ниё,
Тоҷикистон, сарзамини мардуми боҳимматӣ.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷикам ман, аз табори мардуми бонангу ор,
Тоҷикам ман, мекунам аз миллати худ ифтихор.
Ҳар куҷо, ки рафтаам, буд ёди меҳан такягоҳ,
Бо ту дорам, эй Ватан, дар рӯи олам эътибор.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷикам ман, ҳам забони миллати ман тоҷикист,
Дар саховат бемисолам, ҳиммати ман тоҷикист.
Дар вафодорӣ надорам ҳеҷ ҳамто дар замин,
Меҳр дорам бо ҳама, ҳам ваҳдати ман тоҷикист.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Бо забони тоҷикӣ гуфтам ман аз оини хеш,
Бо муҳаббат гуфтаам садҳо китоб аз дини хеш.
Бо забони тоҷикӣ хондам суруди зиндагӣ,
Гуфтаам аз дӯстӣ бо ин забон в-аз кини хеш.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Дар баландиҳои дунё тоҷики ман ҷо гирифт,
Чун уқобон аз ғурур дар қуллаҳо маъво гирифт.
Ҷои тиру ҷои шашпар дошт андар даст китоб,
Бо сухан, бо илму дафтар оқибат дунё гирифт.
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷикистон, душманонат шӯру ғавғо мекунанд,
Гоҳ пинҳон, гоҳ ошкор қасди иғво мекунанд.
Дӯш гуфтам бар насим: «рав гӯ бар он қавми лаҷуҷ,
Бо чунин кирдори зишт худро чӣ расво мекунанд?»
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷики ман, шаҳсутуни қасри миллат — ваҳдат аст!
Тоҷики ман, пояи эъмори давлат — ваҳдат аст!
Мактаби сулҳофари тоҷик гувоҳӣ медиҳад,
Тоҷики ман, дӣ ва имрӯз меъмори ваҳдат аст!
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Тоҷикистон, ишқи ман ҳам гӯшаи имони ман,
Тоҷикистон, ай Ватан, ай модари ман, ҷони ман,
Тоҷикистон, баҳри ҳифзат ҷону тан бодо фидо,
Тоҷикистон, то ки ҳастам, ҳаст ин паймони ман!
Рӯи олам чун биҳиштӣ, ҳиссаимони манӣ,
Ҷон ба қурбонат, Ватан, ту Тоҷикистони манӣ.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»