Диёри дӯстию рафоқат

№147 (4097) 07.12.2019

ЛахшНоҳияи Лахш, ки дар болооби дарёи Сурхоб воқеъ гардидааст, бо водии Олой ва ноҳияи Ҷонтолойи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Қисми шимолии онро нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Олой ва паси Олой, қисми шарқиро нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо ва ҷанубиашро нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Пётри I ишғол кардаанд.

Дар байни қаторкӯҳҳои номбурда водиҳои танги Сурхоб, Муксу ва Оби Кабуд ҷойгир мебошанд ва мардум дар соҳили дарёҳо сокинанд. Иқлими мавзеъ вобаста ба баландӣ аз сатҳи баҳр бо фосилаи аз 1795 то 5000 метр фарқкунанда аст. Дар баландии то се ҳазор метр иқлим муътадил, тобистонаш салқин ва зимистонаш хунук аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +15+200С, январ аз -5 то -100С мебошад. Дар баландиҳои бештар аз 3000 метр хунукӣ ҳукмфармост ва теғаи кӯҳҳои баланд ва дараҳо бо пиряху тармаҳо пӯшида шудаанд.

Сарсабзии ин гӯшаи зебоманзар аз файзи пиряхҳои бузургу чандинҳазорсола аст. Қуллаҳои сарбафалаки Исмоили Сомонӣ, Корженевский, Ғалаба, Бородин, НКВД, 50-солагии Украина, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чун рамзҳои сарбаландии давлату миллати тоҷик ва дӯстии бародаронаи сокинони ноҳияи Лахши неъматбахш-тоҷикону қирғизҳо аз дуриҳо ба назар мерасанд.

Асоси иқтисодиёти ноҳияро кишоварзӣ ташкил медиҳад. Картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ дар ин ҷо хуб тараққӣ кардааст.

Соли равон кишоварзон дар ҳама бахши истеҳсолӣ дар майдони 1438 гектар зироати ғалладонагӣ, 4688 — картошка ва дар 255 гектар сабзавот кишт карданд.

Чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Айни замон, дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия 28327 сар чорвои калон ва 134283 сар моли майда парвариш меёбад. Саршумори қутос ба 649 сар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 99 сар зиёд аст.

Бо қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ, тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва истиқоматии хуштарҳу замонавӣ маркази ноҳия ба шаҳраки зебову озода табдил ёфтааст.

Иқлими мусоид боиси хеле хуб парвариш ёфтани дарахтони мевадиҳанда, мисли себу муруд, ноку олуча, зардолу ва картошкаю сабзавот мегардад. Шароити обу ҳаво барои рушди чорводорӣ низ мусоид аст. Дар ноҳия беш аз сад ҳазор гектар чарогоҳ мавҷуд ва ғизонокии алафҳои табиӣ, бинобар дар мавқеи баландкӯҳ ҷой гирифтан, хеле баланд мебошад. Сифат ва таъму лаззати ҳосили зироат, сабзавот ва маҳсулоти гӯштиву ширии минтақа воқеан ҳам фарқкунанда аст.

Хулоса, Лахш дорои табиати дилфиребу зебо ва рангин аст. Аз даҳҳо дараи сердолу дарахт садҳо рӯду чашмаи шӯху пуртуғён ҷорист. Шумораи наҳру чашмаҳо ҳадду ҳисоб надорад.

Тамошои манзараҳои дилписанд, обу ҳавои тоза, ҳавзу кӯлҳои калону хурди Ҷашникӯл, Қазоқон, Қуштегирмон, Соз, Улқул, шаршараҳои Питовкӯл, Толубой ва Қарғотӣ дар дараи Пиёзӣ, адиру кӯҳдоманҳои сабзу хуррами дараҳои Питовкӯлу Ғулама, Дуванаю Қарамуғ, Муғ ва гармчашмаи Тандикӯл ба рӯҳу тан ҳаловат мебахшад. Аз дараҳои калон дарёҳои машҳури Сурхоб, Муғ, Қарамуғ, Дувана, Пиёзӣ, Тандикӯл, Питовкӯл ва Оби Кабуд ҷорианд. Ба гармчашмаи Тандикӯл, ки ҳарорати гармиаш 97 дараҷа аст, ҳар сол садҳо нафар аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ баҳри табобат меоянд. Дар маҷмӯъ, Лахш бо иқлим ва табиати зебо, олами набототу ҳайвоноти нодиру нотакрор ва қуллаҳои абадӣ барфпӯш барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад.

Вале, дороии аз ҳама пурқимат ва бебаҳои ин диёри ҳамешабаҳор мардуми бо ҳам дӯсту бародар ва қадрдони якдигар — тоҷикону қирғизонанд, ки дар натиҷаи зиндагонии якҷоя асрҳо бо ҳам хешу табор гаштаанд ва урфу одату фарҳанги зиндагиашон сахт омезиш ёфтааст.

Шумораи оилаҳое, ки аз намояндагони ҳар ду миллат ташкил ёфтаанд, хеле зиёданд. Анъанаҳои миллии тоҷикону қирғизҳо чунон ба ҳам монанданд, ки фарқ кардани онҳо номумкин аст. Ҳангоми гузаронидани тӯйҳои арӯсӣ, гаҳворабандон, хатнасур, маросими мусибат ва дигар расму оин ин ҷиҳатро ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Дузабонӣ аз нишонаҳои фарқкунандаи якҷояшавии анъана ва фарҳанги сокинони ноҳияи Лахш ба шумор меравад. Сокинони он бо забонҳои тоҷикиву қирғизӣ равону шево сухан меронанд. Аҷибаш дар он аст, ки ҳангоми вохӯрӣ баҳри ҳурмати ҳамдигар беихтиёр тоҷик ба забони қирғизӣ ва қирғиз ба забони тоҷикӣ гуфтугӯро оғоз менамояд.

Мардуми диёр дар хонасозӣ бо риояи анъанаҳои ниёгон ҳунарманди беҳамтоянд. Дар ҳар як деҳа, ҳатто маҳал, ба тариқи ҳашар бинои марказҳои ҷамъиятӣ бунёд гардидаанд, ки онҳоро мардум чойхона ном мебаранд. Устоҳои моҳир ҳунари кандакорӣ ва нақшу гулпартоиро дар дару тиреза ва сутуни иморатҳои зебо хеле хуб нишон додаанд.

Ҳунарҳои мардумии тоҷикону қирғизҳо, ба мисли намаду қолинбофӣ, сарулибоси миллӣ, хаймасозӣ, гулдӯзиву қарамадӯзӣ, ҷӯроббофӣ, ҷомаю пӯстин ва тоқидӯзӣ, куртаю камзулдӯзӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, табақу қошуқ ва зинтарошӣ, сохтани асбобҳои мусиқии тоҷикию қирғизӣ — рубоб, дутор, қомӯз, лаб­чанг, ғиҷҷак ва ғайра дар байни мардум то ҳол вуҷуд доранд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2018 — 2021 боиси боз ҳам инкишоф ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ гардид. Ин дастгирӣ устоҳои моҳири деҳотро хеле рӯҳбаланд сохт. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои ташкили коргоҳҳои барои устоҳои гулдаст мувофиқ дар маркази деҳа, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ноҳия ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Лахш дигаргунии зиёд ба амал омад. Ин натиҷаи он аст, ки ду миллати ба ҳам дӯст барои ободӣ ва рушди хокдони бобоӣ софдилона заҳмат мекашанд. Онҳо ҳамеша аз сиёсати Пешвои миллат ҷонибдорӣ менамоянд ва бовар доранд, ки маҳз ҳамин сиёсат метавонад мардуми кишварро саодатманду хушбахт гардонад. Муҳити созгоре, ки ҳоло дар ­ноҳия ҳукмрон аст, шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷиҳати татбиқи таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ талош менамоянд.

Файзулло БАРОТЗОДА, раиси ноҳияи Лахш