оё забҳи чорво дар вилояти Суғд мутамарказ аст?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин зикр намуданд: «Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ мебошад».
Яке аз тадбирҳои ҳаётан муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мутамарказ гардонидани забҳи чорво дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар хоҳад буд ва тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ташкилотҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин раисони вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки дар бобати амалӣ намудани ин қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан чунин як муассисаи заруриро, ки дар замони Шӯравӣ ба аҳолӣ хизмати шоиста мерасонид, пойбарҷо нигоҳ доштаанд.
Забҳи чорвои хурду калон ва тайёр намудани маҳсулоти гӯштӣ дар ин ҷо аз ташхисгоҳи байторӣ оғоз гардида, ба нуқтаи нигаҳдории чорво меравад. Нуқтаи дигар нуқтаи шустушӯи чорво ва нуқтаи баъдина нуқтаи забҳ мебошад. Дар ҳамин нуқта ҳамчунин коркарди баъди забҳ сурат мегирад. Барои ҷудо кардани дилу ҷигар, равған, гӯшт, пӯст ва ғайра таҷҳизоти махсус гузошта шуда, ҳар яки онҳо навиштаҷоти алоҳида доранд. Дар нуқтаи дигар маҳсулоти чорвои пӯсткандашуда таври автоматӣ ба нуқтаи ба қисмҳо ҷудо кардани гӯшт меравад.
Бино ба гуфти сарбайтори шаҳри Истаравшан Комилҷон Юнусов, баробари ба кор сар кардани ин нуқтаи забҳи чорво даҳ нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, айни ҳол се духтур (бо навбатдории шабонарӯзӣ), чор қассоб, як мудиру ду коргари техникӣ фаъолият карда истодаанд. Онҳо дар рӯзҳои аввали ба кор сар кардан аз 17 то 20 адад чорворо ҳамарӯза забҳ мекарданд.
-Имрӯз талаботи мардум ба маводи истеъмолӣ, хусусан гӯшт, афзоиш ёфтааст. То ташкил шудани ин нуқта дар шаҳри Истаравшан забҳи чорво аз ҷониби қассобон ё ашхоси дар ин кор таҷрибанадошта дар ҳавлиҳои истиқоматӣ сурат мегирифт. Пасмондаҳои чорвои забҳшуда якҷо бо хуну ифлосиҳояшон ба рӯди марказии шаҳр партофта мешуд ва он боиси ифлосшавии об ва пайдоиши ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда мегардид,-ибрози андеша намуд Комилҷон Юнусов ва афзуд: — Ҳол он ки сокинони деҳоти поёноби Яккатолу Ругунду Қалъачаи Араб ва шаҳраки Истаравшан аз ҳамин об истифода мебаранд. Дар натиҷа, байни аҳолӣ афзоиш ёфтани бемориҳои шадиди гузарандаи брусселёз, хорӣ ва сӯхтанӣ бисёр мушоҳида мешуд. Ин нишондиҳанда баъди мутамарказ гардидани забҳи чорво хеле кам шуд.
Нуқтаи забҳи чорвои шаҳри Истаравшан бар замми доштани шароитҳои номбаршуда боз ду ҳавзи нигоҳдории хун ва дигар пасмондаҳои чорво дорад, ки онҳо низ мақсаднок истифода мешаванд. Масалан, хуни чорво барои паррандаҳо хӯрокаи хубу муфид ба ҳисоб мерафтааст ва фабрикаи паррандапарварии шаҳр аз он истифода менамояд.
-Ба хотири ташкил кардани ин нуқта мо пойфишориҳои зиёд кардем. Борҳо ба чандин идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мактуб навиштем. Раиси шаҳри Истаравшан И.Ғ. Абдуллоев дар ин бобат моро хуб дастгирӣ карданд ва дар натиҷа, бо дастгирии роҳбарияти иттифоқи ҷамъияти матлуботи шаҳр ин кор амалӣ гардид. Ҷамъияти матлуботи шаҳр барои таъмиру таҷдиди бинои кӯҳнаи забҳхона зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кард,-мегӯяд Комилҷон Юнусов.
-Вазифаи ҷонии ҳар яки мо (ин муассиса 22 нафар коргар дорад), дар баробари солим нигоҳ доштани чорвою паррандаҳо, нигаҳдошти саломатии омма аст. Зеро шуъбаи мо номи дигари «Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот»-ро низ дорад,-мегӯяд ӯ. Ташкил гардидани нуқтаи забҳи чорво боиси аз байн рафтани як қатор бемориҳои гузаранда ва тоза шудани муҳити атрофи шаҳр шуд. Он ҳамчунин барои то як андоза дар ҳадди эътидол қарор гирифтани нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳр мусоидат кард, вале моро як чиз ба ташвиш меорад. Дар шаҳри Истаравшан шояд дар як шабонарӯз наздик ба 50 сар мол забҳ карда шавад, вале шумораи дар нуқтаи забҳи чорво забҳшаванда аз 10-15 адад зиёд нашуда истодааст. Сабаб дар он аст, ки аксари муваззафони иҷрои ин қарор барои таъмини иҷрои он бетарафӣ зоҳир карда истодаанд. Ҳоло он ки иҷрои ин қарор на танҳо вазифаи ҷонии муассисаю ташкилотҳои муваззаф, балки ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳар шахсест, ки саломатии худу аҳли оилаву атрофиёнашро мехоҳад,-мегӯяд Комилҷон Юнусов.
- Татбиқшавии масъалаи мазкур боз як тарафи дигар дорад,- ба суҳбатамон ҳамроҳ мешавад сармутахассиси Маркази ташхиси байтории шаҳр Ҳасан Ҳафизов.
- Дар шаҳри Истаравшан ба ҷуз бозори марказии фурӯши чорво боз се адад бозорҳои ғайрирасмӣ дар деҳоти атроф мавҷуданд, ки иҷрои ин қарорро таъмин наменамоянд. Сарварони ҷамоатҳои деҳот низ гӯё ба даҳон об гирифтаанд. Гузашта аз ин, қассобони шаҳр, баъди он ки мо забҳи чорворо дар ҳавлиҳои истиқоматиашон манъ кардем, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои атроф рафта, мол харида, дар худи ҳамон ҷо забҳ карда меовардагӣ шудаанд. Яъне, чунин нуқтаҳои забҳи чорво дар дигар шаҳру ноҳияҳо ё ташкил карда нашудаанд ё агар ташкил карда шуда бошанд ҳам, ба номаш вуҷуд доранду кор намекунанд. Ана акнун қассобони шаҳри мо иддао доранд, ки мо чунин нуқтаи забҳи чорворо ба хотири ҳимояи манфиатҳои шахсиамон ташкил кардаем, — ба гуфтаҳои худ меафзояд Ҳасан Ҳафизов.
-Қонуну қарорҳои давлату Ҳукумат барои он қабул карда мешаванд, ки онҳо дар ҳама ҷо, яъне дар тамоми субъектҳои ҷумҳурӣ, шароити якхелаи татбиқро дошта бошанд. Мутаассифона, қарори мазкур чунин шароити татбиқро дар ҳама ҷо соҳиб нашудааст,-гуфт дар охири суҳбат Комилҷон Юнусов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»