ва ё мушкилоти ҳамсони ду ширкати туристӣ
Дар ҷаҳони мутамаддин ҳар кишвар кӯшиш менамояд, ки соҳаи сайёҳиро бештар рушд диҳад, зеро соҳаи мазкур яке аз шохаҳои сердаромади иқтисоди давлатӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад ва ҳамасола барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ кори назаррас ба сомон мерасад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат намуда, мавзеъҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки барои ҷалби сайёҳон хеле муҳим аст. Оё хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии мо талаботи хориҷиёнро қонеъ мегардонад ва барои рушди соҳаи туризм ягон монеа вуҷуд дорад? Бо роҳбарони ду ширкати ватанӣ, ки дар самти ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз ин хусус суҳбат доштем.
Директори ширкати сайёҳии «Pamir silk travel» Шагарф Муллоабдол, ки таҷрибаи кории сисола дорад, чунин мегӯяд: Барои як гурӯҳ сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷалб кардан баъзан то се моҳ гуфтушуниди интернетӣ мекунем, зеро ҳар як сайёҳ, вақте мехоҳад, ки ба Тоҷикистон ояд, тавассути Интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ дар бораи кишвари мо маълумот ҷамъоварӣ карда, баъд тасмими ниҳойӣ мегирад. Ҳангоме хулосаи қотеъ мебарорад, ба мо нақшаи сафарашро равон мекунад. Мо хароҷоти саёҳат ва нақшаи онро тарҳрезӣ намуда, ба ӯ мефиристем. Вақте ки ба шарт ва шароити мо розӣ шуд, меояд ва ё бо сабаби гарон будани нархи хизматрасонӣ сафарашро мавқуф мегузорад.
Шагарф Муллоабдол мегӯяд, ки воқеан ҳам нархи хизматрасонӣ дар кишвари мо нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна гаронтар аст. Номбурда нархи хизматрасонии нақлиётиро, ки дар Қирғизистон барои сайёҳон хизмат мерасонанд, мисол оварда, зикр кард, ки барои як километр масофаи роҳ онҳо 45 сент ҳаққи хизмат мегиранд, вале дар кишвари мо ҳамин намуди хизматрасонӣ аз 85 то 95 сентро ташкил медиҳад.
Чунин роиҷ аст, ки ширкатҳои сайёҳӣ пас аз анҷоми хизматрасонӣ ба сайёҳон анкета пешниҳод менамоянд, то ин ки таассуроташонро дар бораи фазои сайёҳии кишвар ва сатҳи хизматрасонии ширкати сайёҳӣ баён намоянд. Боиси таассуф аст, ки аксари сайёҳон ба хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва хизматрасонии нақлиётӣ агар баҳои як ва ё ду ҳам нагузоранд, ҳатман баҳои се мемонанд. Ин тарзи баҳогузорӣ аз он дарак медиҳад, ки хизматрасониҳои зикршуда талаботи сайёҳро қонеъ накардааст.
Менеҷери Ширкати сайёҳии «Ориент Адвентур» Руслан Ҳамроҳқулов низ, ки дар самти ҷалби туристон фаъолият дорад, мушкили асосиро дар муносибати нодурусти кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебинад. Номбурда мегӯяд, дар ин самт аз соли 2004 фаъолият мекунад ва чандин бор ба ҳодисаҳои бархӯрди нодурусти кормандони милитсия ва дигар мутасаддиёни ҳокимияти маҳаллӣ бо сайёҳон рӯ ба рӯ шудааст, ки ин гуна амалҳо метавонад дар вуҷуди сайёҳон тасаввуроти нодурустро нисбати миллати тоҷик ба вуҷуд орад.
- Чанде пеш як гурӯҳи сайёҳонро ба ноҳияи Шаҳритуз бурдем,- гуфт Р.Ҳамроҳқулов ва идома дод:- ҳангоме ки сайёҳон бозорро сурат мегирифтанд, кормандони милитсия зид баромада, эътироз карданд, ки чаро сайёҳон бозорро сурат мегиранд.
Барои ба Тахти сангин рафтан иҷозатномаи мақомоти лозимаро доштем. Ҳамааш қоидавӣ буд. Ба мутасаддиёни осорхонаи он ҷо муроҷиат намудем, ки меҳмон овардем ва онҳоро тамошо диҳед. Дар ҷавоб изҳор доштанд, ки барои вориди осорхона шудан аз раиси ноҳия иҷозат гиред. Хулоса, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардидем. Ман бори аввал ба ин минтақа сайёҳ мебурдам ва бинобар ин пештар рафта, бо шароити он ҷо шинос шуда будам. Тасаввур кунед, ки вақте сайёҳ мустақилона меравад ва бо ӯ чунин муносибат менамоянд, таассуроташ дар бораи кишвари мо чӣ гуна мешавад.
Инчунин мавсуф доир ба мушкилоти гирифтани раводид (виза) аз Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳарф зада, минҷумла гуфт, ки аксари сайёҳоне, ки тавассути кишвари ҳамсоя ба Ватани мо меоянд, аз ин хусус изҳори норозигӣ мекунанд.
-Чанде пеш мо меҳмон доштем, ки ӯ як визаро бо мушкилии зиёд аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дастрас намуд. Ҳол он ки мо тасдиқи даъват доштем, яъне он сайёҳро тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда будем. Мувофиқи қоида, сайёҳ он даъватномаро дар ҳар куҷое нишон диҳад, бояд давоми як соат виза гирад. Хизматрасонии Вазорати корҳои хориҷӣ хуб аст, аммо бо баъзе аз сафоратхонаҳо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардем,- афзуд ҳамсуҳбатам.
Мушкилоти дигаре, ки мутасаддиёни ширкатҳои сайёҳӣ дар самти ташкили туризм зикр карданд, набудани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ бо давлатҳои Аврупо мебошад. Шагарф Муллоабдол дар робита ба ин масъала гуфт, ки агар мо хоҳем, ки шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб намоем, бояд якчанд хатсайри мустақими ҳавоӣ кушоем. Номбурда дар идома афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ду хатсайри мустақим ба Аврупо мавҷуд аст, ки ин кофӣ нест.
-Соли гузашта як гурӯҳ сайёҳон аз Ҳиндустон мехостанд ба Тоҷикистон оянд. Вақте ба мо муроҷиат карданд, нишонаи ширкати дигарро, ки дар ин самт кор мекунад, барояшон додам. Баъдан фаҳмидам, ки онҳо бинобар гарон будани нархи чипта омада натавонистаанд, чунки сайёҳонро лозим буд, ки аввал ба Баҳрайн, баъд ба Дубай ва аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз кунанд. Дар натиҷа, нархи чипта ду баробари хизматрасониро ташкил медод,- мегӯяд Шагарф Муллоабдол.
Модоме ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ сафар ба Тоҷикистон гарон меафтад, мусаллам аст, ки роҳҳои алтернативии сафар вуҷуд дорад ва ин ҳам бошад, саёҳат тавассути нақлиёт мебошад, аммо Руслан Ҳамроҳқулов — менеҷери Ширкати «Ориент Адвентур» гуфт, ки дар ин самт низ сайёҳон ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Бино ба гуфти мавсуф, муқаррароти гумрукии мо ба ин гуна шахсон ҳуқуқи то панҷ рӯз дар кишвар буданро иҷозат медиҳанд, ки барои сайёҳ вақти хеле кам аст, зеро агар як сайёҳ ба Тоҷикистон ворид шавад ва хоҳиши тамошои минтақаҳои ҷолиби Ватани моро дошта бошад, камаш даҳ рӯз вақт лозим аст.
- Дар ин масъала давлатҳои ҳамсоя нисбат ба мо пешсафанд. Он ҷо барои туристон вақти зиёдро муайян кардаанд. Дар кишвари мо ин масъаларо ба назар нагирифтаанд. Мошине, ки сайёҳ овардааст, вақти дар Тоҷикистон истоданаш баробар ба вақти мошине, ки бор ворид мекунад, муайян шудааст,- иброз дошт Руслан Ҳамроҳқулов.
Мутасаддиёни ширкатҳои туристии зикршуда, инчунин аз ҷорӣ гардидани пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои ширкатҳои туристӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.
Руслан Ҳамроҳқулов иброз дошт, ки соли 2007 дар ширкаташон кор хуб шуда буд. Бо сабаби он ки ба маблағи зиёда аз 250000 сомонӣ ба сайёҳон хизматрасонӣ намуданд, ширкати онҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гардид. Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо ин гуна меъёр дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, зеро нархи хизматрасонӣ қимат ва омадани сайёҳон кам мешавад, ки аз ин кор, пеш аз ҳама, худи давлат зарар мебинад. Мавсуф изҳор дошт, ки аз ҳамин ҳисоб ду сол кор карда натавонистанд ва вақте ки даромаднокиашон аз 40 ҳазор сомонӣ кам шуд, онҳоро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карданд.
- Барои сайёҳ фарқ надорад, ки ширкат чӣ гуна андозҳо месупорад, нарх, ки қимат шуд, намеояд ё ягон ширкати дигарро интихоб мекунад,- илова кард Руслан Ҳамроҳқулов.
Роҳбари ширкати сайёҳии «Pamir silk travel» Шагарф Муллоабдол мегӯяд, ки пас аз баста шудани марзи Ӯзбекистон ба самти шаҳри Панҷакент шумораи сайёҳон хеле коҳиш ёфт. Руслан Ҳамроҳқулов низ ин андешаро тақвият дода афзуд, ки солҳои гузашта шумораи муштариёнашон аз ҳисоби хориҷиён афзуда, ба зиёда аз 1000 нафар расида буд, аммо, вақте ки сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишвари ҳамсоя баста шуд, ин ба коҳиш ёфтани шумораи сайёҳон оварда расонид. Номбурда мегӯяд, гарчанде тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Ойбек ва Сари Осиё сайёҳонро пешвоз мегиранд, лекин кор камтар душвортар шудааст ва аслан худи сайёҳон азоб мекашанд ва ин нуктаро пас аз бозгашт ба ватанашон тавассути мактуб баён менамоянд.
Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, дар соҳаи туристии мамлакат Шагарф Муллоабдол хушбин аст, ки солҳои минбаъда шумораи туристоне, ки аз Ватани мо дидан мекунанд, меафзояд. Бино ба гуфти мавсуф, ҳоло дар Аврупо идеяи саёҳат тавассути Роҳи бузурги абрешим ба вуҷуд омадааст. Ин як барномаи хуби Созмони умумиҷаҳонии туристӣ аст, ки ояндаи хуб дорад, зеро вақте сайёҳ ба Қирғизистон меояд, ӯ ҳатман аз Тоҷикистон дидан мекунад, чунки Роҳи бузурги абрешим тавассути кишвари мо низ мегузарад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»