Дар фасли зимистон фаъолияти хуби зеристгоҳҳо ба танзими қувваи барқ мусоидат мекунад.
Зеристгоҳи ба номи Ҷ. Румӣ, воқеъ дар яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар – Қубодиёни бостонӣ, корхонаи азими шабакаҳои барқи Ҷануб мебошад.
Дар ин коргоҳи азими энергетикии вилояти Хатлон, сарфи назар аз иқлиму вазъият, кор ҳамеша бонизом пеш меравад.
-Мутахассисони мо мунтазам дастгоҳҳою ашёҳои зеристгоҳро назорат ва таъмир мекунанд. Бинобар ин, аҳолӣ дар фасли зимистон ҳам тибқи реҷаи муайянгардида бо қувваи барқ таъмин мегардад,- мегӯяд сарвари корхона Нозимҷон Атоев.
Ҳоло ки мавсими зимистон аст, фаъолияти навбатдорони зеристгоҳ зери назорати қатъӣ мебошад. Нозимҷон Атоев меафзояд, ки навбатдорони зеристгоҳ Исломиддин Аминов, Аҳмадҷон Холматов, Ёқубҷон Муродов ва дигарон масъулияти калонро дарк карда, фаъолияти шабонарӯзиро анҷом медиҳанд.
Онҳо хуб медонанд, ки аз ин зеристгоҳ на фақат истеъмолкунандаҳои ноҳияи Қубодиён, балки ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав низ истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои номбаршуда корхонаҳои саноатӣ, идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои алоҳидаи аҳолӣ мувофиқи реҷаи муайяншуда бо барқ таъминанд.
Толмас БӮРИЕВ, ноҳияи Қубодиён