Низоми нави қабули имтиҳоноти дохилшавӣ — қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф

№160 (3145) 25.12.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази миллии тестӣ

20 декабри соли 2013, шаҳри Душанбе

ТЕСТ3

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки то имрӯз дар аксари вохӯриву суханрониҳои худ борҳо изҳор доштаам, дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, ҳамчунин аз сатҳу сифати тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Чунонки медонед, солҳои охир дар аксари давлатҳои ҷаҳон раванди навсозии низоми таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ босуръат идома дорад.

Дар ин раванд Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади навсозии низоми миллии таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бо кадрҳои баландихтисос «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»- ро тасдиқ намуда, дар доираи он як силсила чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар самти қабули довталабон ба макотиби олӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон бахши муҳими чорабиниҳои моро дар соҳаи маориф ташкил медиҳад.

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо ба муносибати ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ, ки дар ҷодаи ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии таҳсилот шароити мусоид муҳайё месозад, баргузор мегардад. Ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим ман ҳамаи шумо – кормандони маркази зикршуда ва кулли аҳли маорифи кишварро табрик мегӯям.

Марказ дорои тамоми шароити мусоиди фаъолият буда, барои таъмин намудани шаффофияти ҷараёни қабули имтиҳонҳо ва роҳ надодан ба амалҳои номатлуб бо таҷҳизоти зарурии назоратӣ ҷиҳозонида шудааст.

Инчунин барои таҳияи маводи имтиҳонӣ вобаста ба ҳар як фанни таълимӣ ҳуҷраҳои алоҳида пешбинӣ гардидаанд, ки дар самти таъмини сифат ва махфияти маводи имтиҳонӣ хеле мусоид мебошанд.

Дар Марказ ҳамчунин бахши интишору бастабандии маводи имтиҳонӣ ҷойгир аст, ки дар он ҳамаи шароити зарурӣ барои фаъолияти шабонарӯзии кормандон фароҳам оварда шудааст.

Таҷрибаи кишварҳое, ки чунин тартиби қабули имтиҳонҳоро ҷорӣ кардаанд, нишон медиҳад, ки низоми мазкур барои интихоби шогирдони дар ҳақиқат сазовори номи донишҷӯй, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи азхудкунии дониш, хулоса дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ нақши муҳим мебозад.

Тест 4

Дӯстони азиз!

Дастрасии баробари шаҳрвандон ба таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти олӣ яке аз самтҳои асосиву афзалиятноки Стратегияи миллии рушди маориф мебошад. Ва дар иртибот ба ин, бояд гуфт, ки низоми анъанавии имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар муқоиса бо таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ кӯҳна гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯй намебошад, зеро рушди босуръати илму техникаи муосир тақозо менамояд, ки дар самти қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ принсипҳои шаффофият ва адолату дастрасӣ барои ҳамаи хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда шаванд.

Ҳоло дар аксари кишварҳои пешрафта қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути мутамарказонии имтиҳонҳои дохилшавӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мониторинги он, арзёбии объективонаву одилонаи дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф дониста мешавад.

Усули то имрӯз амалкунандаи қабули довталабон ба муассисаҳои олии мамлакат боиси дастрасии нобаробар ба таҳсилоти олӣ, имкони рух додани кирдорҳои коррупсиониву ришваситонӣ ва душвору заҳматталаб будани назорати раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мегардад.

Ҳарчанд ки таҳияи барнома ва саволу супоришҳои имтиҳонии низоми имрӯзаи дохилшавӣ дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷараён мегирад, аммо онҳо аз ҷиҳати муҳтаво бо барномаи мактабҳои олӣ мухолиф буда, дар ин самт меъёри ягона риоя карда намешавад.

Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо саволу супоришҳои имтиҳонӣ аз доираи барномаҳои таълимӣ берун буда, мазмуни барномаи таълимиро пурра инъикос карда наметавонанд.

Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи имрӯза таҷдиди шаклу усулҳои имтиҳони қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, ба рафъи мушкилоти соҳа ва аз байн рафтани як силсила падидаҳои манфӣ ва қабл аз ҳама коррупсия, мусоидат хоҳад кард.

Мақсаду вазифаҳои оинномавии Маркази миллии тестӣ аз он иборат аст, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ дар нуқтаҳои ба макони зисти довталабон наздик, шаффоф, объективона ва бо таъмини иштироки баробару озодонаи ҷавонони мамлакат сурат мегирад.

Ғайр аз ин, моҳияти асосии низоми нав аз он иборат аст, ки дар баробари санҷиши дониши фаннӣ, инчунин ба довталабон имконият фароҳам оварда мешавад, ки онҳо дар равияҳои интихобкардаашон донишу малакаи худро озмуда, минбаъд камбудиҳои хешро ислоҳ намоянд.Муҳимтарин ҷанбаи низоми нав дар он зоҳир мешавад, ки сарфи назар аз маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ раванди бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои дохилшавӣ дар шаҳри Душанбе, марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон сурат мегирад, ки чунин шароит, пеш аз ҳама, ба манфиати довталабон ва волидайни онҳо мебошад, зеро онҳо барои роҳкиро ва дигар хароҷоти иловагӣ маблағ сарф намекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба истиснои муассисаҳои олии касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ, дигар ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ҷиҳати шомил гардидан ба соли аввали таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар имтиҳони тестӣ иштирок намоянд.

Баъди супоридани имтиҳонҳои тестӣ тақсимоти довталабон аз рӯйи холҳои бадастовардаи онҳо ба ихтисос ва мактабҳои олии интихобкардаашон бе иштироки омӯзгорон тавассути компютер сурат мегирад, ки он шаффоф ҷараён гирифтани имтиҳони дохилшавиро таъмин менамояд.

Бо дарназардошти бори аввал ба низоми нави имтиҳонҳои дохилшавӣ гузаштани мактабҳои олии мамлакат ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода мешавад, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт васеъ ба роҳ монанд. Ин корро таври ҷиддӣ бояд ташкил кард, то ин ки моҳияти низоми нав ва тарзу тартиби қабули имтиҳон ба ҳар як хатмкунандаи мактабҳои кишвар фаҳмо бошад.

Эътимоднокӣ, мустақилияту самаранокӣ, амнияти маълумот ва бо далелҳои илмӣ собит будани саволҳои тестӣ аз ҷумлаи бартариҳои имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ мебошанд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи тестии кишварҳои пешрафта таҳлилу тасдиқ гардидаанд.

Шакли имтиҳони тестӣ, ки тавассути технологияи компютерӣ гузаронида мешавад, нишондиҳандаи комили объективӣ будани арзёбии дониши хонандагон мебошад, зеро бо истифода аз компютер супоридани имтиҳон хеле самарабахш буда, имтиҳонгир, яъне компютер, нисбат ба имтиҳонсупор беғаразу бетараф мебошад.

Бовар дорам, ки таъсисёбии Маркази миллии тестӣ талаби замони муосир буда, минбаъд ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод бетаъсир намемонад, инчунин барои коҳиш додани дахолати инсонӣ ба раванди имтиҳон аз техникаву технологияҳои пешрафтаи муосир ҳамаҷонибаву самаранок истифода карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат ба шумо – ҳозирини муҳтарам, роҳбарону масъулони Вазорати маориф ва илм, инчунин кулли устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва умуман аҳли маориф бори дигар таъкид месозам, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тарбияи наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, муҳаббат ба илму дониш ва забономӯзиро маҳаки асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд, зеро тавре ки доим изҳор медорам, Ватанро танҳо кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос обод карда метавонанд.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафи нек ва таъмин кардани сатҳу сифати баланди таълим, дар навбати аввал зарур аст, ки сатҳи касбияти худи омӯзгорон баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар баробари амалӣ намудани дигар чорабиниҳо раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимонро мутамарказ ба роҳ монад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ифтитоҳи бинои нави Маркази миллии тестиро ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, табрик гуфта, таъкид менамоям, ки маркази мазкур бояд тибқи консепсияи қабулкардаи Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ворид гардидан ба низоми ҷаҳонии таҳсилот пурсамар фаъолият кунад. Ба шумо дар самти амалигардонии ин падидаи нав барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳату саломат бошед!