Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва ояндасози ҷомеаи Тоҷикистон паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо на танҳо таҳлили натиҷаи солҳои қаблӣ, балки нақшаҳои минбаъдаи сохторҳои гуногуни давлатиро фаро мегиранд.
Паёми нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 апрели соли 2000-ум ироа гардид, дар рӯзномаҳои давлатӣ бо номи «Роҳи мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд» нашр шуд. Пешвои миллат зимни ироаи он ба соҳаи муҳими ҷомеа — маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, махсус зикр карданд, ки дар байни вакилони навинтихоб 25 нафар номзаду доктори илм мебошанд. Ҳамон вақт сафи бонувони вакил нисбат ба даъватҳои қаблӣ ду баробар афзуд. Дар баробари ин, Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар таълимгоҳҳо 10 ҳазор омӯзгор намерасад, бозомузии касбии омӯзгорон ҷавобгӯи талаботи замон нест. Ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи маориф чандон хуб ба роҳ монда нашудааст.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 апрели соли 2005) компютеркунонии таълимгоҳҳо, дастрасӣ ба технологияи нав, тарбияи мутахассисони ҷавони ояндадор, 100 фоиз зиёд намудани стипендияи донишҷӯён аз масъалаҳои асосӣ буд. Маҳз аз он давра марҳилаи сифатан нави соҳаи маориф оғоз гардид.
20 апрели соли 2006 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат иброз намуданд: «Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007-2015-ум таҳия намуд». Лозим ба ёдоварист, ки соли 2005 хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 50 фоизро ташкил дод. Соли 2006-ум 336 миллион сомонӣ танҳо ба соҳаи маориф ҷудо гардид ва соли 2007 ин рақам ба 506 миллион сомонӣ расонда шуд.
«Маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳу рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2009 садо дод. Дар он баҳри беҳгардонии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ривоҷи равияҳои гуманитарӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, густариши тарзи ҳаёти солим вазифагузорӣ шуд. Инчунин, супориш дода шуд, ки аз 1 июли ҳамон сол маоши кормандони маориф 15 фоиз зиёд карда шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар таълимгоҳҳо омӯзгорони ихтисосманд намерасиданд. Аксар мутахассисони соҳа аз тангии рӯзгор даст ба соҳибкорӣ заданд. Ҳатто хатмкардагони мактаби миёнаро ба тадриси шогирдон сафарбар менамуданд. Аммо бо қавӣ гардидани заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо, афзудани маоши омӯзгорон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардани Ҳукумати мамлакат ба ин бахш танқисии кадр бартараф гардид.
Ҳамин тариқ, дар паёмҳои минбаъда низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Дар давоми 20 сол маоши кормандони соҳаи маориф 8 маротиба зиёд шуд. Солҳои 2000-2019 аз буҷети давлат барои пешрафти соҳаи маориф 17 миллиарду 913 миллион сомонӣ масраф гардид. Ҳазорҳо таълимгоҳ бунёду азнавсозӣ гардид.
Дар Паёми 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироашуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли 5 масъала дастуру супориш доданд. Гуфтаанд, ки: «Якум, ба зинаи таҳсилоти томактабӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Дуюм, масъалаи танқисии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ бартараф карда шавад. Сеюм, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар боло бардошта шавад. Чорум, ҳар сол омӯзгорон аз аттестатсия гузаронида шаванд. Панҷум, барномаҳои таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ то соли 2030 такмил бахшида шаванд».
Хеле хуб мебуд, агар паёмҳои Пешвои миллатро соли 2020 дар як маҷмӯа бо теъдоди 40-50 ҳазор нусха нашр менамуданд. Илова бар ин, бамаврид аст, агар соли оянда ба ифтихори 10-солагии шурӯъ гардидани ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат конфронсу суҳбатҳои гирди миз ва озмунҳо баргузор гарданд.
Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор